Arzon march 2024
Ишқи ҷавони тоҷик Ленаро Латофат кард (ҚИСМИ 1)
1250

Кампир чашмонашро базӯр кушода, атрофро аз назар гузаронид: “Ин ҷо куҷо бошад? Чаро ман дар хонаи худам нестам?”. Хост аз ҷояш бархезад, вале натавонист, хеле зӯр зад, нашуд…

Баъд ба заифии худ тан доду домани андешаро гирифт ва кам-кам ба хотираш омад, ки ў кисту дар куҷост. “Валентина аст номи ман” пичиррос зад ў ва баъдтар ба хотир овард, ки баъди сактаи мағзи гирифтану бемор шуданаш ўро духтари ягонааш ба хонааш овард то нигоҳубинаш намояд, аҷаб нигоҳубине...

Риштаи андешаҳои кампир ин ҷо канда шуду ба замони тифлияш рафт. Ў тифли замони ҷанг буд. Солҳои баъди ҷангӣ хеле душвор мегузаштанду ў ҳеҷ гоҳ серӣ хўрок нахўрда буд. Модараш дар заводи яхдонбарорӣ кор мекард, онҳоро аз Ленинград ба Тоҷикистон кўчонда буданд. Падараш дар ҷанг буд ва ҳамон ҷо шаҳид шуд. Чӣ қадар бузург буданд занҳои он давр, ба хотири арвоҳи шавҳари шаҳидаш модараш дигар шавҳар накард. Ленаашро калон карду хононд, баъди ҷанг низ дигар аз Тоҷикистони биҳиштосо дил канда натавонистанд ва Лена ба тоҷикписаре ба шавҳар баромада, Латофат шуд. Домоду духтараш дар сохтори ҳуқуқӣ кор мекарданд ва зиндагияшон хеле ширин оғоз ёфта буд. Ширинтарин ҳадяи ин ҷуфти зебо барои Валя-хола таваллуди наберадухтари нозанинашон Шарофат буд, чӣ қадар давраҳои зебо буданд, аммо…

Домоду духтараш дар як садамаи автомобилӣ ба ҳалокат расиданд, чун домодаш дар ятимхона ба воя расида буду хешу табори кам дошт, Шарофат бо бибияш монд. Дардҳои дили зани дар зиндагӣ фоҷиаҳо кашидаро маҳз Шарофат даво мебахшид, ў набераашро духтархонд карда гирифт ва Шарофат низ ўро модар мегуфт.

Солҳо пайи ҳам мегузаштанд. Валя-хола Шарофаташро калон карда хононд, акнун духтари ў духтур буд. Шавҳарашро худи Шарофат ёфт, ҳамсабақаш буд, соҳиби духтарчаи нозанине шуданду Кабир ўро партофт. Шарофат дигар ёди шавҳар накард, ёфту тофташонро ҷамъ карду дар маркази шаҳр барои худаш хона харид. Ў модаркалонашро оча мегуфту зиёд дўст медошт, аммо кампир хонаи дуҳуҷрагии ба қавли маъмул «хурушови»-яшро, ки дар назари Шарофату духтараш Баҳор тангу майда метофтанд, тарк карда натавонист. Ҳамсояҳои меҳрубонашро дўст медошт, аксарияти ҳамсояҳо нав шуда бошанд ҳам, кампир аз мавзеи ороми ба худаш ошно дил канда наметавонист. Саломатияш хуб буд, синнаш ба ҳаштод дакка хўрад ҳам, аз кор дил канда наметавонист. Баъди ба нафақа баромадан бо ёрии як ҳамсояаш дӯкончаеро ба нархи арзон иҷора гирифта, он ҷо рўзномаю қаламу дафтару ҳамин гуна чизҳо мефурўхт, мизоҷон ҳам дошт.

Кампир ҷӯробу куртачаҳои зебо низ мебофт ва заҳмати дасташро ҳам ба фурўш мегузошт, ғайри нафақа боз пул меёфт. Хонаҳояшро бо дастгирии Шарофат таъмир кард. Баҳор модаркалонашро зиёд дўст медошту зуд-зуд ба хабаргирияш меомад, Шарофат низ миёни хонаи худашу модараш мерафту меомад, хайрият мошин хариду кораш осонтар шуд. Валя-холаи тозаву озода дар кўчаашон бо мураббоҳои лазиз, самбӯсаву шириниҳои хушмаззааш шўҳрат дошт, Шарофату Баҳор рўзҳои истироҳаташонро бо кампир мегузарониданд, ҳама чиз хуб буд, вале...

Фишори Валя-хола гоҳ-гоҳ баланд мешуд, вале ў дору намехўрду худро бо алафу гиёҳҳо табобат мекард, оқибат як рўз дар ҷойи кораш афтиду дигар барнахест. Роҳ гашта наметавонист. Шарофат ўро ба хонааш овард, ў субҳи барвақт дасту рўйи модарашро шўста хўрокаш медоду боз дар мизчаи назди кати хобаш ҳар гуна меваҳо мегузошт, кампир худаш хўрок хўрда метавонист, вале пойҳояш кор намекарданд. Баҳор донишҷўи Донишгоҳи тиббӣ буд, аз дарс хаставу лакот бармегашт, хўроки барои нисфирўзӣ пўхтаи модарро гарм карда, ба модаркалонаш медод, каме сўҳбат мекард ва аз пайи кори худаш мешуд. Ўро фаҳмидан мумкин, оё ҷавондухтар бо кампираки бемор то чанд метавонад сўҳбат кунад? Кампир бо чашмони пўшида андеша меронд, дар як бор боз шуду баъди лаҳзае пўшида шуд, ин Баҳор буд, гоҳе як ба ў нигоҳ мекунаду меравад, шояд онҳо интизори марги ў ҳастанд.

Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД