arzon replenishment
ҶИНОЯТИ МУДҲИШИ ОДАМКУШӢ БАЪДИ 26 СОЛ ФОШ ГАШТ
3955

Бори каҷ ба манзил намерасад” гуфтани бузургон беҳуда нест. Ҳар гуноҳе, ки инсон дар зиндагӣ содир мекунад, дер ё зуд ошкор гашта, гунаҳкор сазои амали хешро албатта хоҳад дид. Далели равшани ин гуфтаҳо баъди 26-сол фош гаштани як ҷиноти мудҳиши одамкушӣ дар шаҳри Ваҳдат мебошад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 56-солаи ҷамоати деҳоти А. Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат бо гумони одамкушӣ хабар додааст. Манбаъ мегӯяд, ин мард қаблан аъзои дастаи силоҳбадастони Эшони Нозим буда, санаи 12-декабри соли 1995 ба манзили як зани 56-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, соҳибхонаро аз автомати “Калашников” тирборон намудааст.

Мақомот нисбати ин марди золим парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд ва акнун ӯ барои амали бераҳмонааш дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД