Sebiston new 2024 october
Имтиҳони қисмат (ҚИСМИ 2)
1875

Аслан шавҳарам сигор мекашид, вале хеле кам шароб менўшид. Ба хонаи хоб даромада, Алиро дар оғўши як зани мўйзарди биникулула дида, дар ҷоям шах шудам.

Баъди ба худ омадан, дигар на узру маънии ҳамсарамро нигоҳ кардаму на чизи дигарро, чизу чораамро, ки базӯр дар як ҷомадон ҷо мешуданд, бардошта ба ҷойи корам рафтам. Худи ҳамон рўз хонаи иҷора ёфта, ба он ҷо рафтам, танҳо баъди як моҳ модаркалон ба суроғам омад, ў хоҳиш мекард, ки аз гуноҳи Алӣ гузарам, аммо ғурурам иҷозат надод.

Вақти дар суд ҷудо шудан, ман аз Алӣ чизе нахостам, сарзарди кулулабинӣ, ки пакана ҳам будааст, шунаво ба Алӣ гуфт:

- Гўй, ки хаттӣ аз хона даст кашад, фардо аз ягон нафар зоида, ба каллаи ту мезанад ва хонаро мегирад.

Алӣ, ки характери маро медонист, даст афшонд…

Қиссаи зиндагиям дар даҳ дақиқаи боғи истироҳатиро убур кардану ба кўчаи шинос расидан аз сарам гузашт. Дар хараки назди бинои истиқоматӣ се-чор кампираки ошно бо ҳам суҳбат мекарданд, онҳо маро дидан замон, салом доданд ва Хадича-хола гуфт:

- Салима дигар ин ҷо зиндагӣ намекунад.

- Чаро?,- бо ҳайрат пурсидам ман.

- Зани Алӣ писарча таваллуд кард, “ин хона сеҳуҷрагӣ, барои инҳо” гўён, худаш ба якҳуҷрагии инҳо кўч баст.

- Дина зодрўзашон буд, ман танҳо имрўз вақт ёфтам ва хостам табрикашон кунам,- гуфтам ман ва тортро назди кампиракони ҳамадон гузошта, бо гулҳоям пас гаштам.

Дина ба он хотир ба табрики модаркалон нарафтам, ки намехостам бо Аливу занаш вохўрам, аммо воқеа ин тавр сурат гирифт. Боз таксӣ гирифтаму ба канори дигари шаҳр, ба хонае роҳ пеш гирифтам, ки онҷо бадбахт шуда будам. Аз мағозаи назди хона чанд намуд кулчақанди мулоимак гирифтаму аз зинаҳо боло шудам. Занги дари шиносро зер кардам ва онро ба рўям модаркалон кушод. Хона бўйи биринҷобаи болаззате медод, ки онро танҳо модаркалон аз рўи нусхаи худаш мепухт. Ҳарду якҷоя биринҷоба хўрдем, баъд чою кулчақанд ва хеле суҳбат кардем. Модаркалон ба ман телефони хурдакакашро нишон дода, гуфт:

- Акнун Алӣ вақти кам доштаасту бароям телефон харидааст, ки телефонӣ дар тамос бошем, рақамашро гир, ту ҳам овора нашав, занг зан, кифоя аст.

Ман ўро ба оғўш кашида, гуфтам, ки “занг ҳам мезанаму ҳам меоям, охир ягона хеши ман дар ин шаҳри бузургу дунё шумо ҳастед…”.

Аз ин вохўрӣ як ҳафта нагузашта, телефонам як субҳи барвақт занг зад. Гўширо бардоштам, ки аз он тараф овози занонае гуфт:

- Апаҷон, зуд биёед, ба модаркалонатон мусибат рўй додааст…

Аливу занаш кўдаки якмоҳаро гирифта, ба хонаи хоҳари занаш ба зодрўз мераванд, ҳангоми баргаштан ба хона садамаи мудҳиши нақлиётӣ рўй медиҳад. Сари чанбарак занаш будааст. Аливу занаш дар ҷойи воқеа ба ҳалокат мерасанд, кўдак, ки дар аробачааш дар бағоҷи мошин будааст, зинда мемонад. Ҳарчанд кўдаки якмоҳаро дар бағоҷ мондани падару модар ба ақли солим рост намегирад, аммо ҳамин беақлӣ кўдакро наҷот медиҳад. Ман наметавонистам модаркалонро дар ин ҳолат партоям ва мо боз ба ҳам омадем…

Баъди каме ба худ омадан, мо ҳарду хонаро фурўхта, дар канори шаҳр ҳавлии зебоеро харидорӣ намудем. Ду зан - яке ҳафтод ва дигаре сисола бо машаққатҳои зиёд Валиҷонамонро ҳафтсола кардем ва имсол бачаи мо ба мактаб меравад. Ману модаркалон ҷонамонро фидои ў мекунем.

Ман имрўз як зани дар зиндагӣ муваффақ ҳастам ва ҳамаи инро аз меҳру дуои модаркалонам мебинам. Кўшиш мекунам, то имтиҳони пешовардаи қисматро бо баҳои аъло супорам…

НУРИЯ

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД