Меҳмонхонаи Атлант Роял Дубай (Atlantis Royal Dubai) қиматтарин меҳмонхонаи ҷаҳон ба шумор меравад. Барои як шаб истодан дар утоқҳои ин меҳмонхона бояд 99 772 доллар супорӣ.
Барои сайёҳоне, ки мехоҳанд худро миллионери ҳақиқӣ эҳсос кунанд, Atlantis Royal Dubai ба мизоҷонаш шароити муҳташами будубошро пешкаш мекунад.
Утоқи “люкс”-и 20-ҳуҷрагаи ин меҳмонхона намоишхонаи фохирро мемонад, ки ошёнаҳои 18 ва 19-умро ташкил медиҳад. Ин утоқи боҳашаммат чор хонаи хоб, меҳмонхонаи фаррох, ҷойи хӯрокхӯрӣ ва ошхонаи муҷаҳҳаз бо ҳама лавозимоти техникаи муосир, майхона ва минтақаи алоҳида барои бозиҳоро дорост.
Президенти Атлантис (Atlantis) - Тимоти Келлӣ мегӯяд, ки мо мехоҳем бошандагони меҳмонхонаи мо худро роҳату меҳмони махсус эҳсос намоянд, аз ин рӯ чунин шевову фохиру бошаҳомат ҷой офаридем.
Дар утоқи мазкур мизи дизайнерии пинг–понг аз тарроҳи машҳур – Луи Виттон (Louis Vuitton) воқеъ аст. Мавзеъ дорои офиси шахсӣ ва айвони рӯ ба ҳавзи шиноварӣ мебошад, ки бошандагони ин утоқ аз ин айвон тамоми ҷойҳои тамошобоби Дубай, аз ҷумла Бурҷи Халифа, Айн Дубай ва Халиҷи Форсро дида метавонанд.
Дохили утоқи меҳмонхона бинандаро ҳайрон месозад, зеро фаршу деворҳо ва ошхонааш аз мармари гаронарзиши Калакатта (Calacatta)
сохта шуда, 1128 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Пардаҳояш аз шоҳӣ буда, қолинҳои пашмӣ густурда, рахти хобҳо аз пахтаву шоҳии маҳиннахи сифати аъло бофта шудаанд, ки ба хона намуди шоҳона додааст.
Ҳама лавозимоти дохили утоқ моли яке аз ширкати қиматтарини ҷаҳонии Ҳермес буда, хилъату ҷомаҳо аз бренди итолиёвии Фретте, шонаву дандоншӯякҳо аз тило, телевизораш дорои қутри (диоганал) 146 мебошанд. Дар утоқ метавонанд 10 нафари калон ва 4 кӯдак зиндагӣ кунанд.