Ҳар як падару модар бо садҳо умеду орзуҳои ширин фарзанд ба воя мерасонанд, ки ҷигарбандонашон дар даврони пирӣ асои дасташон гарданд, вале муттаассифона баъзе фарзандони нохалафе ҳастанд, ки ба ҷойи ғамхорию меҳрубонӣ нисбати волидон боиси озори пирон мегарданд ва ҳатто ба сари падару модар даст ҳам мебардоранд. Илҳом Қарабшоев аз зумраи чунин фарзандони бехирад буда, қабурғаҳои падари пирашро зада шикастааст...
Қарабошев Илҳом Уралбоевич, соли таваллудаш 1982, сокини ҷамоати Навбаҳри ноҳияи Мастчоҳ буда, рӯзи 30-уми январи соли равон падари маъюбаш Қарабошев Уралбойи 69-соларо, ки 6 сол боз бар асари сактаи дил аз пойи равон монда, бемори бистарӣ мебошад, барои ҳангоми пешоб кардан тасодуфан гилемро олуда карданаш бераҳмона лату кӯб намудааст.
Тавре ки Акбар Шарифи, котиби матбуотии Раёсати корҳои дохилӣдар вилояти Суғд хабар дод, мӯйсафеди маъюб дар натиҷаи латтукӯби шадиди писари нохалафаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, бо захми пӯшидаи косахонаи сар ва майнаи сар, латхӯрии майнаи сар ва қабурғаи шикаста дар бемористон бистарӣ карда шуд.
Ба гуфти бародари ҷабрдида, ки дар ҳамсоягии онҳо зиндагӣ мекунад, бародарони Илҳом Қарабошев дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд бар ивази нигоҳубини падари танҳояшон тамоми хароҷоти рӯзгори Илҳомро бар дӯши худ гирифта будаанд.
Илҳом барои нигоҳубини падари маъюбаш ҳар моҳ аз бародаронаш маблағи хубе мегирифт, ки ҳам ба дорую давои падар ва ҳам ба рӯзгори худаш мерасид, вале ба ҷойи ба падар сидқан хизмат кардан ин ҷавонмарди бехирад ва сангдил падари маъюбашро ваҳшиёна лату кӯб намудааст.
Тибқи қонун ба Илҳом Қарабошев барои қасдан расондани зарар ба саломатӣ чандин соли зиндон таҳдид мекунад, вале ҷазои аз ин ҳам сангинтар ин лаънати худованд ва бе обрӯю радди маърака шудан дар байни халқ-ҳаққу ҳамсояҳо, хешу табор ва бародаронаш мебошад, ки падари маъюбашонро ба вай бовар карда буданд.
“Падар розӣ-Худо розӣ” гуфтаанд. Тасаввур кардан душвор аст, ки фардои қиёмат ин ҷавонмарди беандешаи падарозорро чи ҷазои сангине интизор аст!