new banner new years
Ифтитоҳи Маркази шуғли фосилавӣ дар Шуғнон
10.10.2024
PROMO
1187

ЮНИСЕФ дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маросими ифтитоҳи расмии Маркази шуғли фосилавиро дар Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор намуданд.

Дар ин марказ имконияти шуғли фосилавӣ ва таҳкими малакаҳои рақамӣ барои ҷавонони минтақа пешниҳод карда мешавад. Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Шуғнон, муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ЮНИСЕФ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар шарикон иштирок намуданд.

Маркази шуғли фосилавӣ дар Шуғнон, ки бо кумаки молиявии Иттиҳоди Аврупо таъсис ёфтааст, шашумин марказ дар саросари кишвар мебошад. Айни замон чунин марказҳо дар Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент ва Бохтар фаъолият доранд. Ҳадафи таъсиси марказ дар Шуғнон тавонмандсозии ҷавонон тавассути фароҳам овардани имконияти шуғли пурмазмун ва мусоидат намудан ба рушди малакаҳои зарурӣ барои муваффақ гардидан дар бозори имрӯзаи меҳнат мебошад. Ин ташаббус бо дидгоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати рушди саноат ва иқтисод, ки аз ҷониби Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст, мувофиқат мекунад.

“Таъсис додани Маркази шуғли фосилавӣ дар ноҳияи Шуғнон роҳи инноватсионии ташкили ҷойҳои корӣ дар минтақаҳои дурдаст мебошад. Ин марказ ба ҷавонон имконият медиҳад, ки дар маҳали худ боқӣ монда, ба бозори ҷаҳонии меҳнат дастрасӣ пайдо намоянд. Тавассути иртибот аз ин марказ бо бозори ҷаҳонии меҳнат ҷавонон метавонанд малакаҳо, дониш ва фоидаи иқтисодиро ба ҷомеаи маҳали худ оварда, ба рушди умумӣ ва рақобатпазирии Тоҷикистон саҳмгузор шаванд. Барои Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ намудани таъсиси ин марказ боиси хушнудӣ буда, мо интизори мушоҳидаи таъсири мусбати он ба маҳал ва минтақа мебошем”,- тазаккур дод Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис.

Таъсиси Марказҳои шуғли фосилавӣ махсусан муҳим мебошанд, зеро бештар аз нисфи аҳолии Тоҷикистон то 30-сола мебошанд. Маркази шуғли фосилавӣ қисме аз ташаббуси васеътари ЮНИСЕФ мебошад, ки соли 2018 оғоз гардадааст ва ҳадафи он рушди соҳаи “микрошуғл” дар Тоҷикистон мебошад. Бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ин марказ барои тарғибу ташвиқи имкониятҳои шуғли фосилавӣ, рушди саводнокии рақамӣ, ба ҷавонони Тоҷикистон омӯзонидани малакаҳои зарурӣ барои бозори меҳнати зудтағйирёбанда мусоидат хоҳад кард. Аз соли 2021 инҷониб, дар Марказҳои шуғли фосилавӣ зиёда аз 7000 нафар ҷавонон аз саросари Тоҷикистон аз омӯзиш гузашта, малакаҳои заруриро аз худ намуданд, то ин ки ҳамчун қувваи корӣ вориди бозори меҳнати рақамӣ гарданд. Ҳоло тақрибан 3000 нафар наврасон ва ҷавонон тавассути ин марказҳо ҷойи кор пайдо кардаанд.

14

“Имрӯз ифтитоҳи ин марказ барои мо имконияти беназир мебошад, зеро ки он ба ҷавонони Шуғнон имконият медиҳад, ки тавассути шуғли пурмазмун ба умеду орзуҳои худ бирасанд. ЮНИСЕФ умедвор аст, ки сармоягузорӣ ба ҷавонон ва дастрасии беҳтар ба шуғли пурмазмун барои дар кишвар мондан, оила бунёд кардан, ҳаёти худро идома додан ва ба иқтисод ва ояндаи Тоҷикистон саҳм гузоштани ҷавонон кумак мерасонад”,- тазаккур дод муовини сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Эри Двиведи.

Интизор меравад, ки таъсиси ин марказҳо номутобиқатии малакаҳо дар бозори меҳнатро коҳиш дода, аз муҳоҷирати иқтисодӣ ҷилавгирӣ карда, барои ҷавонон ҷиҳати бунёди зиндагии худ дар Тоҷикистон имконият фароҳам меоварад. Марказ дар Шуғнон ҷиҳати фароҳам овардани дастгирии зарурии техникӣ барои кори муассир бо шарикони маҳаллӣ, аз ҷумла “Маркази инноватсионии Помир” ҳамкории зич хоҳад дошт. Ҳадафи ин ҳамкорӣ - ин беҳтар кардани мутобиқати малакаҳои ҷавонон ба талаботи бозори меҳнат ва саҳмгузорӣ ба рушди иқтисодии минтақа мебошад.

ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо ба сармоягузорӣ ба ояндаи ҷавонони Тоҷикистон содиқ монда, боварӣ доранд, ки дастрасии беҳтар ба имкониятҳои шуғли пурмазмун ба ҷавонон имконият медиҳад, ки ба рушди кишвар саҳми мусбат гузоранд. Дар оянда ҳадафи Марказҳои шуғли фосилавӣ васеъ кардани фарогирӣ мебошад, махсусан фарогирии ҷавонони деҳот, ки аз ҳама бештар дучори мушкилӣ мегарданд.

Бо тамаркуз ба имкониятҳои омӯзиши малакаҳои рақамӣ ва шуғли фосилавӣ, барнома роҳеро барои ҷавонон ба самти шуғли амн бидуни тарки кишвар эҷод менамояд. Ҳамин тариқ, Марказ мустақиман тавассути беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷавонон ба ҳалли камбизоатӣ мусоидат намуда, роҳи ҳалли устуворро ҳам барои тавонмандсозии шахсӣ ва рушди миллӣ фароҳам меоварад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД