Худванд ба Идимоҳ ҳусни расо, қаду қомати зебо ва чашмони оҳу ато намуда бошад ҳам, аз бахт маҳрумаш намудааст. Бо дидани чеҳраи малакутии ин зани нозукандом ҳатто ба гӯшаи хаёли кас намеояд, ки чунин зани нозанин метавонад дар дил ягон ғаму алам дошта бошад, вале қалби Идимоҳ кӯзаи пур аз зардберо мемонад.
Аллакай чандин сол мешавад, ки ин зани фариштарӯй бо 5 фарзанди хурдсол овораю сарсон аст. Идимоҳ Холова, сокини шаҳри Кӯлоб буда, ҳаёти сангине ба сар мебарад. Шавҳараш зани дигар гирифта, ӯро бо бачаҳои хурдакакаш аз дар берун намудааст. Пас аз ҷудо шудан аз шавҳар рӯзи ин модари серфарзанд сиёҳ шуда, дар ба дар гашт. Айни замон аз ночорӣ ин зани берӯзӣ ҳамроҳи хоҳараш умр ба сар мебарад. Онҳо дар як хоначаи хурдакак 11 нафар зиндагӣ мекунанд. Азбаски барои ҷогаҳ андохта хобидан ба ҳама ҷой намерасад, аксари вақт шабона бо навбат 3-4 соати хоб мераванд.
Биёед сарнавишти талхи ин занро аз забони худаш бишнавем. Боварӣ дорем, ки ҷавонмардони бо нангу нмуси кӯлобӣ ва дигар шахсони сахватманд ба ин зани дар нимароҳи зиндагӣ бо 5 фарзанд зору ҳайронмонда дасти ёрӣ дароз менамоянд.
НАФАРОНЕ, КИ МЕХОҲАНД БА ИН ОИЛАИ НИЁЗМАНД ДАСТИ ЁРӢ ДАРОЗ НАМОЯНД, МЕТАВОНАНД БА РАҚАМҲОИ ЗЕРИН 985-31-59-57 (ИДИМОҲ), 987-12-60-00 (ХОХАРАШ) ЗАНГ ЗАНАНД ВА Ё БА КОРТИ БОНКИИ 5058270365777050 (ДУШАНБЕ-СИТӢ) ХАЙРИЯИ ХУДРО ГУЗАРОНАНД!