arzon replenishment
ГУРЗАНДОЗИ ТОҶИК 2 СОЛ АЗ МУСОБИҚА МАҲРУМ МЕШАВАД?
1010

Дилшод Назаров аз 24 сентябри соли 2019 ба ҳисоб гирифта мешавад. Ӯ метавонад ба мусобиқаҳо моҳи октябри соли 2021 баргардад.

Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик ва қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро барои истифодаи моддаи мамнӯъ барои ду сол маҳрум карда шуд, хабар медиҳад сомонаи расмии ин ниҳоди мустақил бар зидди падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук (AIU).

 Дилшод Назаров аз омодагияш барои ширкат дар Олимпиадаи соли 2021 хабар дод. Давраи маҳрум кардани қаҳрамони феълии Олимпиада аз 24 сентябри соли 2019 оғоз мешавад, аз ин рӯ Назаров метавонад бозгашт барои ширкат дар мусобиқаҳоро моҳи октябри соли 2021 оғоз кунад. Ёдовар мешавем, ки гурзандози тоҷик пас аз дубора санҷидани намунаҳои допинг аз ӯ ҳангоми мусобиқаи ҷаҳонии варзиши сабук соли 2011 дар шаҳри Тэгуи Кореяи Ҷанубӣ муҷозот шуд. Дар намунаи ӯ моддаи манъшудаи дегидрохлорметилтестостерон (DHCMT) ёфт шуд. Ҳамин тариқ, дастовардҳои варзишгар давоми ду сол аз 29 августи 2011 то 29 августи соли 2013 бекор карда мешавад.

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров ғайр аз медали тиллои Бозиҳои Олимпии 2016, дорандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон-2015 дар Пекин ва инчунин се медали дараҷаи олии Бозиҳои Осиё мебошад. Қаблан худи Назаров дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон истифодаи допингро рад карда буд. Вай гуфт, ки вазъи иттиҳоми допинг бояд баҳор ҳал мешуд, аммо бинобар пандемияи коронавирус баррасии ин масъала ба таъхир гузошта шуд. Инчунин, қаҳрамони амалкунандаи олимпӣ оид ба гурзандозӣ Дилшод Назаров омодагии комили худро барои иштирок дар Бозиҳои навбатии олимпӣ эълон кард. Шестаков: Самбочиёни тоҷик метавонанд дар Ҷоми ҷаҳон дар Маскав медалҳои тилло бигиранд Дилшод Назарови 38-сола нахустин ва то имрӯз ягона варзишгари тоҷик аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ таҳти парчами Тоҷикистон сазовори унвони қаҳрамонӣ ва медали тилло шудааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД