arzon replenishment
Гумонбарони кушторҳои ваҳшиёнаи Конибодом кистанд?
654

Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта бо нашри як изҳорот хабар дод, ки ҷинояти одамкушӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд кушода шуда, бо гумони даст доштан дар кушторҳои пай дар пайи чанд оила дар ин минтақа 4 нафар боздошт шудаанд. Гумонбарони кушторҳои даҳшатангез дар Конибодом кистанд?

Аз 4 нафар гумонбарони кушторҳои даҳшатангез дар Конибодом 3 нафарашон қаблан суд шудаанд. Яке аз онҳо Солеҳҷони 26-сола, сокини деҳаи Гулбоғ мебошад, ки бо сабаби ба бокс шавқ доштанаш мардум ба вай “Тайсон” лақаб гузошта буданд. Бибии Солеҳҷон дар суҳбат бо журналистон гуфтааст, ки шабҳои сар задани кушторҳои ваҳшиёна дар хона будан ё набудани набераашро дар хотир надорад, вале ҳамроҳи дигарон маҳалларо посбонӣ мекард.

Гумонбари дигар хеши дури Солеҳҷон буда, аз рӯйи нишондоди ӯ дастгир шудааст. Ин марди 36-сола соҳиби 4 фарзанд буда, ягона нафарест, ки қаблан суд нашудааст. Ба гуфти занаш пештар муҳоҷири меҳнатӣ будааст.

Гумонбари сеюм низ аз деҳаи Гулбоғ буда, қаблан суд шудааст ва ба гуфти наздиконаш зиндагиашро бо қассобӣ пеш мебурдааст.

Ва ниҳоят гумонбари чорум Манучеҳр Одилови 28-сола, сокини деҳаи Ҳамробаев буда, бе падар ба воя расидааст. Модараш дар суҳбат бо журналистон гуфтааст, ки онҳо тиҷорати хурди худро доштанд ва бо фурӯши хӯрок машғул буданд.

Ёдрас мешавем, ки тӯли соли 2024 дар шаҳри Конибодом кушторҳои пай дар пайи зиёде ба вуқуъ пайваста, дар ин минтақа дар маҷмуъ 23 нафар кушта шуданд. Танҳо дар моҳи декабри соли равон 10 нафар аъзои 3 оила дар Конибодом ба таври ваҳшиёна дар манзили зисташон ба қатл расонида шуданд, ки 4 нафарашон кӯдакон буданд. Сабаби даст ба чунин ҷиноятҳои мудҳиш задани гумонбарон ва назари худи онҳо дар мавриди ин ҳодисаҳо ҳанӯз маълум нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД