Sebiston new 2024 october
Гулзода: Маршировка гуфтанӣ гап нест
581

Чанд рӯз қабл ба унвонии сомона аз номи модаре суол омад дар мавриди ҷалби иҷбории донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба “маршировка”.

Ин хонандаи мо дар номаи худ навишта буд, ки писараш дар донишгоҳи мазкур таҳсил мекунад ва чанд рӯз қабл аз ҷониби садорати факултаашон паём гирифт, ки бояд дар маршировка ширкат кунад.

“Декан занг зада, мегӯяд, ки ту дар оянда дар ин донишгоҳ хондан мехоҳӣ? Агар хоҳӣ ба маршировка биё. Агар наоӣ рӯзи 1 сентябр фармони хориҷатро ба дастат мегирӣ. Донишҷӯёнро бо таҳдиди хориҷ намудан аз донишгоҳ дар чунин ҳавои гарм ба маршировка сафарбар карда истоаанд. Дар ин бора мепурсидед", - навишта буд хонандаи мо.

Хабарнигори “Oila” имрӯз зимни нишасти матбуотии донишгоҳи мазкур аз ректори он Маҳмадшо Гулзода посухашро пурсид.

Ректори донишгоҳ гуфт, дар ягон ҷой маршировка нест ва раёсати донишгоҳ то ҳол касеро барои ширкат дар он даъват ё таҳдиди хориҷ накардааст.

"Ин хел гап нест. Маршировка дар куҷост? Мо имсол ягон нафарро аз номи раёсати донишгоҳ ба ягон ҷой таклиф кардагӣ нестем. Барои ҳамин, маршировка гуфтанӣ гап нест”, - посух дод ректор.

Бояд гуфт, ки ҳамасола ба ифтихори таҷлили солгарди Истиқлоли давлатӣ, Наврӯз ва дигар ҷашнҳои бузург омодагии донишҷӯён, ё ба истилоҳ “маршировка” доир мегардад, ки дар бештари мавриди боиси норизоии донишҷӯёну падару модаронашон мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Сухробчон 2023-09-03, 09:27
Мо ба ин гап бовар надорем.Зеро тамоми духтарони донишгохро аз курси 1 то курси 6 ба маршировка бо тахдид чалб кардан.Маршировка дар донишкадаи харби баргузор гардида буд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Сухробчон 2023-09-03, 09:27
Мо ба ин гап бовар надорем.Зеро тамоми духтарони донишгохро аз курси 1 то курси 6 ба маршировка бо тахдид чалб кардан.Маршировка дар донишкадаи харби баргузор гардида буд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД