arzon replenishment
Гулрухсор: Миллат модари ман аст
913

Намояндаи махсуси президенти Русия дар самти ҳамкориҳои фарҳангии байналмилалӣ Михаил Швидкой Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиеваро ба муносибати ҷашни 75-солагиаш табрик гуфта, ӯро “падидаи ҳунарии миқёси ҷаҳонӣ” номид.

Швидкой, ки чандин сол вазири фарҳанги Русия буд, дар табрикоташ навишт, ки эҷодиёти Гулрухосор паҳнои Шӯравии собиқро дар як қаламрави инсонӣ ҷамъ меорад.

Ба ғайр аз ин, рӯзи 15 декабр сафири ин кишвар дар Душанбе Семён Григорев Гулрухсорро ба ҳузур пазируфта, ба муносибати ҷашни 75-солагиаш ӯро табрик гуфта, паёми табрикии Швидкойро ба ӯ супурд.

Дар ҳамин ҳол, аксарият ӯро ба ҳайси “модари миллати тоҷик” эътироф кардаанд. Аммо, худи шоир дар як суҳбати вежа гуфт, ки ӯ модари Азиз, ягона писараш аст ва модари каси дигаре нест.

“Барои модари ин миллати бузург, ин миллати муқаддас, ин миллати қадима бояд бисёр бузург бошиву шариф ва хирадманд. Ман як инсони одӣ ҳастам. Омадам, раҳи худро тай кардам ва меравам. Чӣ қадари дигар мондааст, намедонам. Миллат модари ман аст, миллат маро зодааст, ману Шуморо зодааст, аммо касе модари ин миллат буда наметавонад, миллат офаранда аст”, - гуфт ӯ.

Гулрухсор Сафиева 17 декабри соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Нурободи водии Рашт ба дунё омадааст. Соли 1968 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ба ҳайси мухбири рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" (1968-1969), мудири бахши фарҳанг ва матбуоти Кумитаи марказии Комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон (1969-1970), сармуҳаррири рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" ва маҷаллаи "Машъал" (1970-1972), сармуҳаррири рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" (1970-1981) кор кардааст. солҳои 1987-1993 раиси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон буд.

Баъдан, котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Узви Асотсиатсияи нависандагони Осиё ва Африқо, Раиси Хазинаи байналмилалии фарҳанги Тоҷикистон, Вакили Шӯрои Олии ИҶШС (1989-1991), президенти Академияи байналмилалии фарҳанги АвруОсиё (1994 — 2004, Русия) буд.

Гулрухсор Сафиева дар поёни солҳои 90-уми асри гузашта яке аз фаъолони сиёсӣ ва мадании Тоҷикистон ба шумор мерафт ва шеъри ӯ дар кишвар, ҳатто берун аз он ҳаводорони зиёд дошт. Пас аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон барои муддате берун рафт ва дар аввали соли 1996 ба Ватан баргашт.

Ӯ Шоири халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ дар бахши адабиёт аст. Асарҳои Гулрухсор Сафиева ба забонҳои гуногуни ҷаҳон нашр шуда, ҳаводорони бешуморе дар дохилу хориҷи кишвар доранд. Мавсуф нахустин нависандаи роман дар бораи зани тоҷик дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД