Дар Индонезия гулеро пайдо намуданд, ки дар дунё калонтарин маҳсуб меёбад. Андозаи гули раффлезия, ки онро гул-аждаҳо низ ном мебаранд, чор метрро дар бар мегирад ва амсоли он дар дунё ба қайд гирифта нашудааст.
Бояд қайд намуд, ки соли 2017 дар ҳамин кишвар боз як растании рафлезия шукуфта буд, ки андозааш чор метру даҳ сантиметрро дар бар мегирифт. Аҷибаш дар он аст, ки растании мазкур решаву барг надорад ва танҳо вақти гул карданаш ба чашм намоён мегардад.
Аз сӯрохии мобайни гул бӯйи нохуше меояд ва онро барои чунин хусусияташ “гули мурда” меноманд. Бӯйи бади растанӣ ҳашаротҳоро ҷалб месозад. Мутаассифона, рафлезия ҳамагӣ як ҳафта умр мебинаду халос.