Гулчеҳра Айдароваи 31-сола, ки дар қайди беморхонаи рӯҳӣ қарор дошт, дар куштори кампири 82-солаи рус гумонбар дониста мешавад.
Сокинони як бинои баландошёна дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани Савеловски Маскав, ҷасади ҳамсояи 82-солаашонро пайдо карданд. Дари хонаи истиқоматии пиразан кушода буд ва ин боиси шубҳаву гумон гашт. Вақте ки ҳамсояҳои вориди манзили кампирак гаштанд, соҳибхонаро мурда пайдо карданд.
Дар куштори ин зани солхӯрдаи рус муҳоҷирзан Гулчеҳра Айдароваи 31-сола гумонбар дониста мешавад.
Гулчеҳра Айдарова аслан аз Ӯзбекистон буда, бино ба маълумоти kp.ru ба сифати ҳамшираи шафқат кор мекардааст. Ин зани муҳоҷир дар қаламрави Русия ғайри қонунӣ зиндагӣ карда, шаш моҳи охир ба сифати парастор ин пиразани русро, ки танҳо зиндагӣ мекард, нигоҳубин намуда, дар манзили ӯ умр ба сар мебурдааст.
Гумон меравад, ки аз як зани нафақахӯри танҳо будани соҳибхона истифода бурда, муҳоҷирзан кампири 82-соларо ба қатл расонидааст.
-Айни замон нисбати Гулчеҳра Айдарова барои одамкушӣ бо моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст ва дар ояндаи наздик чораи пешгирикунанда интихоб карда мешавад,- гуфтааст Юлия Иванова, ёрдамчии калони сардори Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия дар Маскав ба kp.ru.
Муфаттишон исрор доранд, ки ин зани муҳоҷир барои одамкушӣ ба ҳабс гирфта шавад, вале Гулчеҳра Айдарова дар ватанаш ҳамчун бемор дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ ба қайд гирифта шудааст. Акнун Гулчеҳра Айдарова бояд аз ташхиси судӣ-равонӣ бигзарад. Танҳо баъди гирифтани хулосаи расмии табибон нисбати ин зан чора андешида мешавад.