Имрӯз Насриддини Нуриддин, ҳунарпешаи театр, яке аз маъруфтарин чеҳраҳои "Лаҳзаҳои гуворо", Арбоби ҳунари Тоҷикистон зодрӯз дорад.
Ба ифтихори 71-умин солгарди умр роҳбарияти сомона ба ҳунарманд занг зада, мавсуфро табрик гуфт ва доир ба дирӯзу имрӯзи зиндагиаш пурсид. Ҳаҷвнигор гуфт, берун аз саҳна ба тарбияи наберагони худ машғул аст ва пас аз кори зиёди эҷодӣ ва наворбардориҳои дурудароз наберагони дӯстрӯякаш ягона манбаи рафъкунандаи хастагиаш мебошанд.
“Наберагонам зеҳни хуб доранд, ҳарфҳоро мешиносанд ва хонда ҳам метавонанд. Мансурҷон ба фикрам касби бобояшро мегирад. Ман чанд бор ҳамроҳаш кор кардагиам ва дар чанд нақш бозӣ кардааст. Зеҳнаш бисёр тез аст ва умед дорам ҳунарманди хубе шавад”, - гуфт ӯ.
Дар посух ба суоли он ки ӯ зодрӯзро чӣ гуна ва дар куҷо ҷашн гирифтанист, ҳунарманд гуфт, ҳамроҳи хонавода дар ҳалқаи фарзандону наберагон ва дар чаҳорчӯбаи қонунгузории кишвар зодрӯзашро таҷлил мекунад.
Сипас, аз ӯ пурсидем, ки чанд даҳсола боз бо ҳаҷву зарофатҳои намакинаш мухлисонро механдонад, вале чӣ чиз боиси хандаи худаш мегардад? Ҳунарманд посух дод, ки вақте натиҷаи саҳнаҳояшро дар табассуми гирди лаби бинандагон мебинад, механдад.
“Хандаи мухлисонам барои ман табассум мебахшанд. Чун мебинам, ки тавонистам бо кадом як нақшам дили касеро лаҳзае аз ғам дур кардаму ӯро хандондам, худам механдам. Мухлисон бароям манбаи илҳому энергияву шодианд”, - гуфт мавсуф.
Баъди ин, мо ба ду нафар ҳамбози ҳунарманд, ки солҳои дароз якҷоя гуруҳи номдори “Лаҳзаҳои гуворо”-ро гардонандагӣ мекарданд, тамос гирифта, оид ба хислату хӯйи қаҳрамонамон дар саҳнаву рӯзгор пурсидем.
ИНЧУНИН, ХОНЕД:
Гулбибӣ Абдулхайрова, ҳунарпешаи маъруфи кишвар ва узви тими “Лаҳзаҳои гуворо” гуфт, акаи Насриддин дарёи пуртуғёнест дар саҳна ва шахсияти хоксортарин аст дар рӯзгор.
“Дар офаридани имправизатсия ва ҳолатҳои ҷолиб ҳамто надоранд. Дар дунёи ҳунар ӯ дарёи пуртуғёнест, ки ҳеҷ гоҳ аз мавҷ задан намемонад. Ҳамбоз будан барои ман бо эшон ҳам ифтихор асту ҳам мактаб. Умед дорам, ки садсолаҳои дигар якҷоя рӯи саҳна нақш меофарем. Зодрӯз муборак, акаҷони худам”, - гуфт ҳунарпеша.
Холмуроди Сидиқ, роҳбари театр-студияи “Лаҳзаҳои гуворо” низ рӯзҳои аввали ҳамкориаш бо Насриддини Нуриддинро ба хотир оварда, гуфт, ифтихор мекунад замоне якҷоя рӯи саҳна буданду тавонистанд ба гуруҳашон шуҳрати ҷаҳонӣ бахшанд ва чанд бор сафарҳои ҳунарии берун аз кишвар анҷом диҳанд.
“Насриддин аҷоиб одам аст. Да шӯхӣ шӯху дар ҷиддият бемисл ва дар инсонгарӣ хоксор аст. Ҳарчанд шуҳрати хеле зиёд дорад, вале мағрур нест. Садсола шавӣ, дӯстам”, - гуфт ҳаҷвнигор.
Насриддини Нуриддин 30-юми июни соли 1953 дар деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ (ҳоло ноҳияи Синои шаҳри Душанбе) ба дунё омадааст. Ӯ хатмкарда Институти давлатии санъати театрии шаҳри Москва (ВГИК) буда, айни ҳол дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов фаъолият дорад.
Ба ғайр аз ин, дар саҳнаҳои ҳаҷвии “Лаҳзаҳои ногувор” ва филмҳои зиёд нақш меофарад. Дорандаи унвонҳои Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон аст.
Ҳамзамон, мавсуф дастоварду ҷоизаҳои зиёд дорад. Аз ҷумла, соли 2008 дар ҷашнвораи II-юми байнулмилалии театрҳои Осиёи Марказӣ ӯ “Беҳтарин офарандаи нақши мардона” дониста шуд ва соҳиби ҷоизаи вижа гардид.
Он замон вай дар намоишномаи драмманависи озарбойҷонӣ Алии Амирлӣ «Зани сарватманд», ки онро коргардон Султон Усмонов дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба саҳна гузошта буд, нақши Сарӣ Кароевро бозӣ кард.
Ҳайати доварон дар ин ҷашнвора бештар аз ҳама, аз нақши офаридаи Насриддин Нуриддинов ситоиш карда, таъкид намуда буданд, ки беҳтарин офарандаи нақши мардона дониста шудани ӯ, ин на танҳо назари коршиносони риштаи ҳунар ва доварон, балки арзёбии мунсифонаи тамошобинони сершумор низ ҳаст. Зеро ҳунарманд Насриддин Нуриддинов нақши олим Сарӣ Қароевро, ки аз бенавоӣ ва беқадриаш дар ҷомеъа ранҷ мекашад ва ҳамроҳи хонаводааш рӯзи хуберо тайи 20 сол надидаасту якбора онҳо гӯё соҳиби миллиард доллар мегарданд, басо ҷолиб ва табииву самимӣ бозид ва дар ҷараёни намоиш тамошобинон борҳо ба ҳунари ӯ кафкӯбӣ карданд.
Аз идора: Аҳли эҷоди сомонаи “Oila” ҳунармандро ба ифтихори истиқболи боз як баҳори умр табрик гуфта, барояш саломатии бардавом ва комёбиҳои бештару беҳтари эҷодиро хоҳонанд.