-Гулбахор, шумою шавҳаратон танҳо зиндагӣ мекунед ё...?
-Эҳ, мо як командаи калон! Алӣ, Валӣ, Сурайё, Муқаддас... (механдад) Дар як ҳавлии калон ҳамакаса зиндагӣ мекунем.
-Мушкил нест ҳамчун келин хизмати як оилаи калонро ба ҷо овардан?
-Рости гапро гӯям, ман бештар бонуи саҳна ҳастам, на хона. Шукри Худо хушдоманам бисёр инсони хубу мефаҳмидагӣ ҳастанд ва маро дастгирӣ мекунанд, вагарна ҳолам бад мешуд. Бештари кору бори хона ба зиммаи авсунам аст.
-Мегӯянд, ки авсунҳо сояи ҳамдигарро аз девор метарошанд. Авсунатон ҷанҷол намекунад, ки ҳама кору бори хонаро ба сари ман бор карда, Гулбаҳор-пошшоро эрка мекунед?
-“Гӯшти буз гӯшт намешавад, авсун дӯст намешавад” мегӯянд, лекин Худоро шукр, авсуни ман духтари хуб аст. Дар ҳама кор вай ба ман дасти ёрӣ дароз мекунад.
-Кӣ беҳтар хӯрок мепазад: шумо ё авсунатон?
-Мо, аҳли санъат бисёр серташвиш ҳастем. Аҳли оила, агар ҳар рӯз аз кор омадани маро интизор шуда шинанд, то хӯрок мепазад, ки мардум аз чанд хоб сер мешаванд. Хӯрокро бештар авсунам мепазад. Вай бисёр духтари ҳунарманд аст, махсусан гӯштбирён ва оши палавро бомаза мепазад. Чунон бомаза мепазад, ки ҷонат аз хӯрданаш роҳат мекунад. Боз гумон накунед, ки ман ба ғайри мардумро хандондан дигар ягон ҳунар надорам. Баъзан вақте аз кор барвақттар баргардам, авсунам хоҳиш мекунад, ки ягон хӯроки аҷоиб пазам. Мегӯяд, ки дасти шумо бисёр бомаза аст... (механдад)
-Инро дар амал санҷида дидан лозим!
-Марҳамат ба хонаам меҳмонӣ биёед. Мазаи дасти Гулбаҳорро чашида, баъд худатон баҳо медиҳед, ки ман чӣ хел кадбону ҳастам.
-Шумо ҳамеша дар саҳна бо мардҳо баромад мекунед. Шавҳаратон рашк намекунад?
-Марҳамат аз худашон пурсед! (Гулбаҳор телефонро ба ҳамсараш дод)
-Салом алейкум! Ман ҳамсарамро дӯст дошта, худам интихоб кардам. Медонистам, ки Гулбаҳор санъаткор аст ва барои халқ хизмат мекунад. Медонистам, ки ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи мардҳо қарор дорад, вале ба ин нигоҳ накарда, даст аз домонаш набардоштам....
-Наметарсед, ки Гулбаҳорро аз шумо медузданд?
-Не, ман барин марди хушқаду қомат ва хушмуомиларо аз куҷо меёбад?! ( механдад) Дилам аз ҳамсарам пур аст, чунки мо якдигарро самимона дӯст медорем. Шукри Худо писарамон ҳаст. Насиб бошад, то нафаси охирин бо ҳам мемонем.
-Дар хонаатон кӣ калон: Шумо ё Гулбаҳор?
-Калони хона модарам. Ҳоло навбати мо нарасидааст, ки сари ин мавзӯъ баҳс кунем.
-Боре шудааст, ки аз зани санъаткор гирифтанатон пушаймон шуда бошед?
-Ҳаргиз пушаймон нестам. Ман Гулбаҳорро дар саҳна дида ошиқ шудам. Рақамҳои телефонашро бо сад азоб ёфта, ба ӯ занг задам. Аввал худамро ҳамчун мухлис муаррифӣ карда, баъд ба як ҳоли зор дили ӯро ба даст овардам. (механдад)
-Гулбаҳор, наметарсед, ки шавҳаратонро ягон зебосанами химчамиён аз шумо рабуданаш мумкин?
-Наметарсам, чунки аниқ медонам, ки ба шавҳари ман инхелакош тамоман маъқул не!
-Аксари занҳои санъаткор барои соҳиби қаду қомати мавзун гаштан ба толорҳои фитнес мераванд. Ба шумо кадом намуди варзиш маъқул аст?
-Ман ҳар рӯз дар хона ҳамроҳи шавҳарам шоҳмоту шашкабозӣ мекунам. (механдад)
-Аз чӣ метарсед?
-Аз шикасти бахт, чунки барои зан бахт аз ҳама чиз ширинтар аст.
-Мегӯянд, ки суруд ҳам мехонед...?
-Бале, ҳамроҳи Гулизори Роҳат суруди хориҷии “Папито”-ро ба забони худамо хондем. Ба ғайр аз ин, ҳамроҳи Низомҷон Азимов як дуэти аҷиб сурудем бо номи “Фарбеҳаки ман”.
-Ба фикратон аз ҳаҷвнигор актёри кино мебарояд?
-Ман аллакай дар ин соҳа ҳам худамро санҷидам. Пештар ҳамроҳи Муқимҷон ва Сулаймон дар пиесаи фаронсавии “Матео Фалкони” нақш бозида будам. баъдтар дар дар “Орзуҳои наврӯзӣ” хамрохи Фатҳулло Абдуллоев ва Каримҷон нақш бозӣ кардем.
-Мегӯянд, ки санъаткорон бо ҳамдигар рақобати шадид доранд...?
-Ман аз рақобати солим ягон зарра ҳарос надорам. Тарси ман фақат аз нотавонбӣ, бадхоҳӣ ва бадгӯии одамон аст, чунки ҳамеша дар мавриди ман овозаҳои бардурӯғ паҳн мекунанд, ки гӯё аз шавҳарам ҷудо шудаам ва ғайраю ҳоказо. Ростӣ, чунин гапҳо ба кас бисёр сахт мерасанд.
-Ба фикрам рақиби эҷодии шумо Гулбибии “Лаҳзаҳои гуворо” аст?
-Мо бо Гулбибӣ дӯстии чандинсола дорем. Барои ман Гулбибӣ дӯст аст, на рақиб.
-Гулбаҳор, росташро гӯед, ягон маротиба кӯшиши парҳез карда, хароб шуданро накардаед?
-Кӯшиш кардам, лекин бе натиҷа. Мегӯянд, ки нон нахуред, гӯшт нахуред, ширинӣ нахӯред. О ман нона бо нон мехӯрам, чӣ хел хароб шавам?! Нон нахӯрам, гӯшт нахӯрам, ширинӣ нахӯрам, аз гуруснагӣ мемурам-ку!
-Зебоӣ қурбонӣ металабад мегӯянд...
-Эй ин гапҳо ҳамааш сафсатаанд, гӯшту пӯстро ба одам Худо медиҳад! Ҳамин Сулаймон Саидғозиев ҳатто тортро бо нон мехӯрад, лекин сӯзан хӯрдагӣ барин, чунон хароб аст, ки ... Хайр, ман худи тортро бо нон нею креми тортро ба нон молида мехӯрам. (механдад) Аслан ман ба падарам рафтагӣ, он кас фарбеҳ буданд, ман низ. Духтари ҳақиқии дадош-дия!
-Гулбаҳор, барои суҳбати самимӣ ба шумо як ҷаҳон ташаккур! Ҳамеша чунин хушбахту хурсанду сарбаланд бимонед!
Шаҳло Ниёзова