Чанд рӯз пеш ҷӯгизане ба деҳаамон омад. Ӯ аз сари кӯча то охири он дари мардуми маҳаларро кӯфта, нон металабид ва дар ин баробар худро фолбин муаррифӣ намуда, ба бовариашон медаромаду бар ивази дуруӯғҳои болохонадори худ пулу моли занҳоро гирифта мерафт.
Ин рафтори ҷӯгизанро он вақт мушоҳида намудем, ки ба хонаи холаи Сайрам меҳмони нохонда шуд. Худи Сайрамхола он соат дар хонааш набуд, набошад ҷӯгизани дуздро боб мекард.
Дар хона келини хола Моҳбибӣ танҳо менишаст, ки ҷӯгизан аз дарвоза даромад. Вақте боварӣ ҳосил кард, ки дар хона ҳеҷ кас нест, келинчакро як сӯ даъват карда, бечораҳолона гуфт: Келин, ягон чиз мебиёрӣ ё дар ҳамин ҷой шишта, гашту гузори туро тамошо кунам? Моҳбибӣ аз суханони занак оташин шуда, худро ба даст гирифту вориди хона шуд, то чизе ёфта, ба ӯ диҳад. Ҳамин ки келин ба хона даромад, ҷӯгизан назди духтарчаи дар замин машғули хокбозибудаи ӯ омада, даст ба гӯшҳои Севараи сесола бурд ва хост гӯшворҳои тиллоиашро ба яғмо барад. Вале ҳамин ҳангом Моҳбибӣ аз хона берун баромада, шоҳиди ҳодисаи дуздии ҷӯгизан гашт. Ӯ ин ҳодисаро диду давида ба ҳавлӣ баромад ва ба ҷӯгизанак наздик шуда, таҳдидона гуфт: “Ҳозир, ҳаминҷо оташат мезанам. Чаро гӯшворҳои духтари ман дар гӯшаш нест? Тез онҳоро ба ман деҳу аз ин ҳавлӣ дафъ шав!”.
Зуҳро миллионер шуду Фотима алкаш
Ҷӯгизани даступохӯрда чӣ гуфтанашро надонист. Духтарҷон, ман хостам бинам, ки тилло аст ё мисин. Духтарчаат ин қадар ширинрӯяк аст. Хостам навозишаш кунам. Маҳ гиру ба ман тӯҳмат накун!” Моҳбибӣ аз дасти ҷӯгизан гушворҳои тиллоии духтарашро гирифта, дарвозаро кушод ва занакро аз хона пеш карду “дигар ба ин ҷой наоед, вагарна...”,-гуфта, гашта ба хона даромад.
Ҷӯгизанак аз ин суханҳои Моҳбибӣ сахт тарсида, дар як миҷҷа задан аз маҳалла ғайб зад. То ҳол ин ҳодиса вирди забони хурду калони деҳаи Лолагӣ аст. Тариқи сомонаи дӯстдоштаам “Оила” гуфтаниам, ки аз чунин ҷӯгизанҳои дузд худро эҳтиёт намоянд, набошад аз дасти ин тоифа инсонҳо ҳама кор омадана имкон дорад.
Ҳизбулло Ашуров,
хонандаи сомона