toyota motors
Гирдоби рашк (ҚИСМИ 2)
386

Арӯси рашкин

Гулноз - зани Алӣ ҳамроҳи шавҳараш ба дарс рафт. Валӣ дар курси охир мехонд, хост Найсонро ҳамроҳаш барад, аммо ӯ холаам танҳо асту ҷойи корам хуб гӯён, рад кард, аммо хеле рашкин буд.

Як соли ҷудоиву рашку итобҳо гузаштанд, дар ин миён ду хоҳари Алию Валӣ шавҳар карда рафтанд. Алию занаш баъди хатми донишгоҳ ба ноҳия омада, ба кор оғоз карданд. Валӣ бошад, аз рӯйи ваъдаи ба модараш дода ба Русия рафт.

Найсон соҳиби духтарчаи нозанине шуд, вале рашку итобаш боқӣ монда буданд. Ӯ шавҳарашро бо сояаш рашк мекард. Худо накунаду дертар занг занад ё телефонашро набардорад, қиёматро қоим мекард. Валӣ аз ин кирдору ҷангу ҷанҷоли Найсони нозанинаш ғамгин мешуд, кораш дар Маскав хуб буд ва хост занашро ҳамроҳ барад, аммо Найсон «ман дар шаҳри ғарибӣ чизе гум накардаам» гӯён, нарафт. Дар ин миён хушдоманаш вафот кард. Алию занаш маъракаҳои модарро гузаронида, ба Валӣ гуфтанд, ки акнун хонаву дари падарӣ аз ту, мо ба хонаи худамон мекӯчем. Онҳо дар маркази ноҳия ҳавличаеро харидорӣ намуда буданду ба он ҷо кӯч бастанд.

Валӣ бо Найсон маслиҳат карда, боз ба ғарибӣ рафт. Ӯ мехост хонаҳои кӯҳнаи падарро афтонда, хонаҳои замонавӣ созаду баъд доимӣ ба ватан баргашта, дар ягон ҷой ба кор дарояд. Духтарчааш ширинаку калонак шуда буд…

Фалокат

Ин сафари Валӣ се сол тӯл кашид. Найсони рашкин ҷони ӯро ба лаб оварда бошад ҳам, ба ҷойи хонаҳои пастаки бобоӣ хонаҳои дуошёнаи барҳаво қад кашиданд. Найсон аз ҳисоби шавҳар дар бари дарвозааш дорухонае сохт ва ба аҳли деҳа хизмат мерасонид. Акнун Валӣ ба хотири гирифтани мошини қиматбаҳо кор мекард, ки хабари шуме ба деҳа паҳн шуд…

Хонае, ки Валӣ бо ҳамроҳонаш зиндагӣ мекарданд, оташ гирифту онҳо ҳалок шуданд. Ҷасад ба Душанбе расиду ба Найсон ин хабарро расониданд, ӯ аз ҳуш рафт. Охир, ӯ Валиро зиёдтар аз ҷони ширинаш дӯст медошту бе ӯ зиндагиро марг медонист. Лаҳзаи аз ҳама сиёҳтарин ба хона ворид намудани тобути Валӣ ва тобутчае буд. Найсон ҳеҷ намефаҳмид, ки чаро ду тобут?! Ҳамин вақт ҳевараш наздаш омада, гуфт:

- Найсонҷон, хоҳари акаш, Валӣ дар Русия зан доштааст, зани тоҷик. Ҷасади он занро пайвандонаш ба зодгоҳаш бурданд, аммо ҷасади писаракашонро ба мо доданд, то дар бари падараш гӯр кунем.

Ҳамин вақт Найсон девонавор худро ба рӯйи тобути Валӣ партофту онро бо пою дастонаш задан гирифта, фарёд кард:

- Ту сағираи пойлуч, ту кӯрнамак, ту ҳаром аз боли ман зан гирифтӣ?! Хуб шудӣ, ки сӯхтӣ, ана ҳамин хел!!!

Бародаронаш Найсони ақлбохтаро гирифта ба хона дароварданд, то додани маъракаи чили шавҳараш ӯ сӯйи хона наомад. Баъди додани чил ҳанӯз хешу таборон дар хонааш буданд, ки ӯ пайдо шуда, бо овози баланд гуфт:

- Дигар ягонтаи шумо ба ин хона қадам нахоҳед гузошт, Алӣ, ту як қисми боғи падаратро ҷудо карда гир! Барои ман хонаҳояму панҷ сотих замин кифоя аст, акнун ҳамаатон аз хонаи ман дафъ шавед! Ман дар ҳамин хона шавҳар мекунам! То арвоҳи вай хиёнаткори лаин дар қабр дар як рӯз даҳ бор сӯзад!

Алӣ ҳамин тавр ҳам кард, хонаи Найсонро аз хонаи Алӣ девори баланде ҷудо мекунад. Ӯ духтарашро намемонад, ки бо амаку аммаҳояш рафтуомад кунанд. Даҳ сол гузаштааст аз ин воқеаи мудҳиш. Найсон то ҳол танҳост, падару модараш вафот карданд, бародаронаш ӯро дӯст медоранду дастгирӣ мекунанд. Ӯ шабу рӯз кор мекунад, ҳама чизро дорост, аммо ҳар гоҳе савори мошини бадвоҳимаи хориҷияш аз назди қабристон мегузарад, рӯяшро як тараф мекунад, то назараш ба гӯри Валӣ наафтад. Набахшид хиёнати ӯро…

Алҳазар аз рашки зан!

Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД