goodwell
Гирдоби рашк (ҚИСМИ 1)
320

Найсон

Найсон - духтари ягонаи хонаводаи ботақвою сарватманд ошиқ шуд, ба писари камбағалу ятими ҳамсоя.

- Ишқ аҷаб муъҷизае будааст, он чашми касро кӯр мекардааст, вагарана ними ноҳия хушдори ин мӯйдарози кӯтоҳақлу ӯ дӯст доштааст писари беваи Займаронро,- мегуфт бо мушханда Алифмоҳи ғайбатчӣ.

- Займарон ҳам то марги муфоҷои ҳамсараш зани занон, бологузар ва сарватманд буд,- ғайбатчиро песонд кампири Зубайда, ки ҳеҷ ғайбатро хуш надошт.

Найсон дар хонаи Мулло Равшану ҳамсари порсои ӯ Робиямоҳ чашм ба олами ҳастӣ во карда буду панҷ бародар дошт. Қоматбаланд, сафедпӯст оҳунигоҳ, Қуръонхон, аз панҷ панҷааш ҳунар мерехт. Ҷавонмардони зиёде ошиқи вай буданд, аммо ӯ ишқи касеро қабул надошт, аз тарси бародаронаш ошиқонаш пинҳонӣ ба вай мактуб мефиристонданду ҷавоби рад мегирифтанд.

Мулло Равшан духтарашро зиёд дӯст медошт ва хилофи анъанаҳои аҳли авлодаш розӣ шуд, ки Найсон ба Коллеҷи тиббӣ дохил шавад. Худи зани раиси ноҳия нозанини таърифиро дар як маъракаи ноҳиявӣ дида, барои писараш хостгор шуд, аммо Найсон бо ашки шашқатр ба пойи падараш афтод, ки шавҳар карданӣ нест ва Мулло Равшан ҳам гапи духтари ноздонаашро рад накард.

Мулло гумон дошт духтараш дипломашро гирифта, баъд ба хоҳиши ӯ такя карда шавҳар мекунад, аммо касе намедонист дар дили зебои духтари мулло кайҳо алмоси ишқ ҷо шудааст.

Ишқи бачаи ҳамсоя

Дар ҳамсоягии хонаи Мулло холаи Займарон зиндагӣ мекард. Шавҳараш Карим, ки ронандаи мошини боркаш буд, дар садамаи нақлиётӣ фавтида буду ӯ ду писару ду духтарро танҳо ба воя мерасонид.

Робиямоҳ - ҳамсари Мулло бо Займарон дугона буданду ба ҳам хеле меҳрубон. Дар кори боғу роғи калони онҳо фарзандони Займарон иштирок мекарданд, писари калонии Займарон Алӣ ба донишгоҳи тиббӣ дохил шуду писари дуввумӣ Валӣ ба донишгоҳи техникӣ, яке курси якум мехонду дигари дуввум. Ҳарчанд Алию Валӣ баъди дарс кор мекарданд, аммо Займарон сари худро дар санг мезад, то пайсаҳаке ёфта, барои писарони азизаш равон кунад.

Алмоси ишқи Валии қоматбаланди миҷгонсиёҳ дар сандуқи дили Найсон пинҳон буд ва инро ҷуз Худо касе намедонист. Ин ишқ ҳангоме чун офтоб дар ҳаёти ду ҷавон дурахшид, ки Валӣ дар боғи падари Найсон навдаи дарахтонро мезаду духтар барои ӯ ош бурд.

Чун байни ин ду хонавода муносибатҳои зебои ҳамсоягӣ вуҷуд дошт, касе гумони бад ҳам намекард. Чун Валӣ ҷуръат намуду изҳори ишқ кард, дили Найсон дигар гуна тапид. Дигар беди маҷнуни поёни ҳотаи хонаи падари Найсон шоҳиди мулоқотҳои онҳо буд.

Валӣ ба донишгоҳ дохил шуду танҳо баъди ду соли донишҷӯйии ӯ Найсон донишҷӯ шуд. Духтар ҳар гоҳи барои писарони донишҷӯяш хӯрока фиристодани холаи Займарон ҳозир мешуду хӯрданиҳои лазизеро дар халтае ҷо карда, барои онҳо мефиристод. Гӯшти бирён, кулчаҳои равғанӣ, пистаю бодому қурут, ҳалвоҳои гуногун…

Дили модар пай мебурд, ки духтар ба яке аз писаронаш дил дорад, аммо намедонист ба кадомаш?

Муродхона

Алӣ ба духтараке аз деҳаи ҳамсоя, ки ҳамроҳаш дар донишгоҳ мехонд, ошиқ шуду ҳангоми дар курси охирон хонданашон тӯй карданӣ шуданд, Валӣ низ иброз дошт, ки зан мегирад! Алию Валӣ баъди дарс кор мекарданду як маблағи муайян ҷамъ оварда буданд, холаи Займарон ҳам аз ҳисоби фурӯши меваю сабзавоти боғашу гову мол, ширу чаккаю ҷурғот пул ҷамъ карда буд, вале барои ҷиҳоз бурдан ба ду келин намерасид. Валӣ ба модараш гуфт, ки говҳои ҷӯшоиро низ фурӯшеду ману акаамро якҷоя тӯй кунед, ман баъди тӯй ба Русия мераваму қарзи шуморо мегардонам. Дили писарам нашиканад гуфта, холаи Займарон фақат як гову ду гӯсфанду чанд сар бузашро монда, боқӣ ҳама чизро фурӯхт, вале вақте номи арӯсшавандаи писарашро шунид, ба қавли кампирҳои деҳа «латтааш дар ов зад». Зан ҳеҷ бовар надошт, ки Мулло Равшан духтари дӯстдору серхаридорашро ба писари сағираи ӯ диҳад. Бечора хола акнун фаҳмид, ки чиз равон карданҳои Найсон ба хотири кӣ будаанд?

Ғайричашмдошти холаи Займарон, «мисли писари ту домод аз куҷо меёбем?» гӯён, Робиямоҳи дугонааш аз ҷойи ҳама аҳли хонавода ризоият дод. Ҳарчанд калонсолони авлод ду келинро якҷоя даровардан хосияти хуб надорад гуфта бошанд ҳам, Алию Валӣ тӯйи зебое ороста, келинҳои нозанинро ба хона оварданд. Холаи Займарон бори аввал баъди марги шавҳараш дастонашро боло бардошта, рақс кард, ҳам мегиристу ҳам суруд мехонд:

Гули гулғунча анорай бачаме,

Навшаҳи арӯсбиёрай бачаме…

(Давом дорад)

Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД