Formula novemver 2024
ГАРДСӮЗИ ҒАРИБӢ (Қисса)
2768


Банди дили Гулӣ аз гуруснагӣ месӯхт, мехост як коса гардсӯзи модар ё хоҳараш пухтаро нӯшида ба хоби ноз равад. Атроф пур аз одамон буд, лекин ҳама бегона.


Касе аз аҳволаш намепурсид, зеро дар ин мулк ба ғайр аз шавҳараш касе ӯро намешинохт. Тирезаҳои

калон-калони беморхонаи марказии ноҳияи ба ӯ ношинос ба назараш чун панҷараҳои зиндон менамуданд. Дар зери болишти таги сараш як ҳамён пур аз пул ва тиловорӣ буд, аммо шиками
гурусна ҳатто имон намепарварад, ки чи ҷои пулу тилост. ӯ метавонист ба касе пул дода хоҳиш намояд, то ин ки барояш гардсӯз бипазанд, лекин дилаш кашоли гардсӯзи хоҳар  ё модари азизаш буд. Чун аз боиси бемадорӣ ҳанги гап задан надошт, фақат оби дида аз ду тарафи чашмонаш беист мерафт. Ба назараш чунин менамуд, ки гӯё ҳамин рӯз ё пагоҳ аз олам мегузарад. Зери лаб шеърҳои нав эҷод кардаашро такрор мекард ва аз Парвардигор
хоҳиш дошт то овозашро наздиконаш шунаванд. Ӯ ин мисраъҳоро мехонд:
Гунҷишкой ҳаво, пайғоми мара бубарен,
Эй хешу табор, ин ҷони мара бихарен.
Чанд сол мешава дар ғарибӣ хор шидам,

Рангум сипарак задаю бемор шидам.
Эй оби равон, бар Ватанум рафтӣ агар,
Як бор бипурс, ки ёд доранд магар?
Ҳар кас ки мара хешу табор мехонад,
Тезтар бирасад, ки омадай вақти сафар.
Хоҳарой ширин, ма ёд кардам ҳамата,
Шаба рӯз кунум дар ҳаваси номи ата.
Беморуму дар болини маргум ба умед,
Афсӯс, ки аз дарум намедрод якта.
Эй акаи ҷон, хабар намегирӣ мара,
Шояд, ки ту дар назар намегирӣ мара.
Ворисум туӣ, биё, ки ман дар сафарум,
Ғамҳои ғарибира ба гӯра мебарум.
Ҷон додаракои ҷон, мара ёд кунед,
Пас аз маргум қабрума обод кунед.
Фарзандҳои хуб дорум, аммо кӯдаканд,
Ба хотири ман дилашона шод кунед.

Гулӣ баъд аз замзамаи ин мисраъҳо дар дил бо оҳанги махсус, рӯ ба пораи осмоне овард, ки аз тирезаи беморхона намоён буд.
Акнун ӯ ба Офаридгор муроҷиат мекард:
— Дар ин дунё касеро чун худ ғарибу бечора надидаам, ҳатто Юсуфи Канъон чун ман азоб накашидааст, зеро байни ҳамфикрону
ҳамзабононаш ғариб афтода буд. Бо амри тақдир ба мисоли тири фалахмон ман ба ин диёри дур аз Ватанам афтода, чун мор дар худ мепечаму чорае надорам:

Дар миёни қавми бегона, бари боғчони пир,
Кампирак зад рангу рӯям, шуд туруш мисли хамир.
Эй Худованди карим, бар бандаи худ раҳм кун,
Дил хумории Ватан дорад ба майлаш саҳм гир!

Агар умрам кам монда бошад, пас мехоҳам марги осон ба ман фиристад. Наход як умр аз Оллоҳ инро талабиву ӯ ноумедат гардонад?
Не, ҳаргиз не!
Эй Худои ман, гунаҳгорам макун,
Бар балои бад гирифторам макун.
Ақлу ҳушамро ба ту бахшидаам,
Марги осонам бидеҳ, хорам макун!
1. Боғчон — ҳамсари шавҳар, кундош (дар он сурат, ки онҳо
дар як вақт ҳамсари як мард ҳастанд).

Ман ғуломи ҳалқабаргӯши ту ҳастам, эй Худо,
Бандаи поки кафанпӯши ту ҳастам, эй Худо.
Чун маро аз баҳри ғам хӯрдан ато бинмуда ҷон,
Сӯхтаву ғам хӯрда бар дӯши ту ҳастам, эй Худо!

Ман на танҳо ин дам, балки як умр ба ёди Офаридгор мисраъҳои аҷоиб навишта, самимона ба раҳмати ӯ боварӣ дорам ва умед
дорам, ки ӯ ҳаргиз маро рӯзи бозпурс хор нахоҳад кард, вале дигар чизро намефаҳмам, ки барои чӣ ба ҳар ҷои мерафтагиам норасида
аввал душманам ҳозир мегардад? Магар ин
ҳазли тақдир нест? Медонам, ки бандаи дӯстдори Худоям, зеро ӯ маро ба тамоми орзуҳоям мерасонад, лекин барои чӣ ғаму дард диламро ин қадар мефишоранд? Наход танҳо ман сазовори андӯҳ
бошам?
 Шукр, ба ҳама додаву нододааш шукр мегӯяму аз он роҳе, ки бозгашт надорад, наметарсам, зеро дилпурам, ки дар ин дунё нақши неке чун фарзандон, китобҳои эҷодкарда, некиҳои кардаам баъд аз ман боқӣ хоҳанд монд. Агар душман аз мурданам шод гардад, хатое хоҳад кард, зеро ман то дунё ҳаст дар ёди
одамон зинда хоҳам монд. ӯ намебинад, ки дар зиндагиаш фаромӯш шудааст ва ин барои инсон марг аст.
Ғарибонро бесоҳиб ёфта, баъзе соҳибмулкон хор карданӣ мешаванд, вале онҳо намедонанд, ки соҳиби ғарибон Худованд аст. Ҳамин бароям кофист, то бигӯям: дилпурам аз ояндаи хеш, зеро ҳар субҳ офтоб на танҳо барои дигарон, балки барои ман низ аз паси кӯҳ сар мекашад.
Бо ҳама ноумедиҳо ба умеди фардоям!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД