goodwell
Футзалбози маъруф - Ёров ба ҳайати “Соро компания” баргашт
07.05.2026
Oila.tj
71

 

Узви тими миллии футзали Тоҷикистон ва яке аз футзалбозони маъруфи кишвар Идрис Ёров пас аз як соли ҳунарнамоӣ дар хориҷа дубора ба ҳайати дастаи “Соро компания”-и Душанбе пайваст. Ёров мавсими гузашта дар ҳайати тими “Ойл Стар”-и шаҳри Бухорои Ӯзбекистон бозӣ мекард.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, футзалбози ботаҷриба дар ҳайати “Соро компания” бо рақами 10 ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Қобили зикр аст, ки Идрис Ёров дар фаъолияти варзишии худ инчунин дар ҳайати бошгоҳи “Тюмен”-и Русия низ бозӣ кардааст.

Қаблан Идрис Ёров дар ҳайати дастаи “Соро компания” 4 маротиба қаҳрамони Тоҷикистон гардида, инчунин соҳиби 5 Ҷоми Тоҷикистон ва 3 Суперҷоми кишвар шудааст.

“Бозгашти Идрис Ёров ба ҳайати “Соро компания” барои дастаи мо иқдоми муҳим ба ҳисоб меравад. Итминон дорем, ки таҷриба ва маҳорати Идрис ба ҳайати даста қувваи иловагӣ бахшида, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои пешгузошта мусоидат хоҳад кард”,- омадааст дар изҳороти даста дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ёдовар мешавем, ки қаблан дастаи “Соро компания” бо бозигарон Меҳроб Раҳимов ва Эрилсон Руан да Силва Алвеси бразилӣ шартнома имзо карда буд. Инчунин, даста бо дарвозабони эронӣ Саид Торобидеҳ ва Ҷордансон Дос Сантос (Ҷорҷинио)-и бразилӣ тамдиди шартнома карда буд.

Ҳамчунин, бошгоҳ аз ҷарроҳии зонуи чапи Файзалӣ Сардоров хабар дода буд, ки бомуваффақият сипарӣ шудааст. Қобили зикр аст, ки Сардоров ҷароҳати пайванди салибшакли пеши зонуи чапро дар ҷараёни бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2025 муқобили дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бардошта буд. Бо вуҷуди табобат дар чанд марҳила дар Душанбе ва Гурҷистон, вазъи саломатии ӯ пурра беҳтар нашуд ва ниҳоят зарурати анҷоми ҷарроҳӣ ба миён омад. Амалиёти ҷарроҳӣ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бомуваффақият анҷом дода шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД