Бо гумони нашъамандӣ боздошт шудани актрисаи машҳури турк Берен Соат аз ҷониби пулис хабари пурҳангомае буд, ки рӯзи 12-уми июн натанҳо дар худи Туркия, балки дар саросари ҷаҳон шӯру валвала барпо кард. Ин хабар мисли таркиши бомба дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор гирифтааст. Бархе аз мухлисони актриса то ҳол боварӣ надоранд, ки чунин зебосанами машҳур даст ба нашъамандӣ задааст, вале мутаассифона хабари боздошти Берен Соат сохтаю бофта набуда, ҳақиқати талх аст.
Берен Соат кист?
Берен Соат дар чандин сериалҳои машҳури туркӣ нақшҳои марказиро бозидааст ва яке аз ситораҳои дурахшони олами шоу-бизнеси Туркия ба шумор меравад. Мухлисони тоҷикистониаш туфайли сериалҳои овозадори “Асри боҳашаммат” (Великолепный век), “Ишқи мамнуъ” (Запретная любовь), “Фотимагул чӣ гуноҳ дошт?”, “Интиқом” ва дигар филмҳои пурҳаяҷони туркӣ ин зебосанамро мешиносанд ва дӯст медоранд. Зоҳиран чунин менамояд, ки Берен Соат хушбахттарин зани ҷаҳон аст, зеро ҳусну ҷамоли худодод, шуҳрати оламгир, пулу мол, шавҳару зиндагии обод дорад, вале дар зиндагӣ баъзан маҳз одамоне, ки барои хушбахтӣ ҳама чизро доранд, ба роҳи хато рафта, ном ва шуҳрату обрӯи худро барбод медиҳанд.
Шавҳараш ҳам боздошт шуд...
Тавре расонаҳои Туркия навиштаанд, санаи 11-уми июни соли 2026 кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддири шаҳри Истанбул дар рафти як амалиёти махсус ҷиҳати ошкор намудани ҳолатҳои истифода ва харидуфурӯши маводҳои нашъаовар актрисса Берен Соат ва шавҳараш, овозхону оҳангсоз ва продюссер Канъон Доуғлуро боздошт намудаанд. Дар рафти амалиёт, ки таҳти унвони “Субҳдам” гузаронида шудааст, дар маҷмуъ 22 нафар дастгир карда шудаанд, ки дар байнашон ситораҳои дигари синамои Туркия ва фарзандони мансабдорон низ ҳастанд. Бо гумони истифода ва фурӯши маводи мухаддир дар баробари Берен Соат дар ҷараёни амалиёт пулис барандаи ҷоизаи “Зебосанами Туркия” Оиша Хотун Унал, ҳунарпеша ва ҳаҷвнигор Энис Арикон, овозхон Бердан Мардин, блогери машҳур Каримҷон Дураз ва додаршӯйи Берен Соат Озан Доуғлуро низ дастгир кардааст.
Бино ба иттилои расонаҳои туркӣ, зимни кофтукови манзили боздоштшудагон кормандони пулис маводи мухаддир дарёфт ва мусодира кардаанд.
Прокуратура таҳқиқ мекунад...
Тафтишоти қазияи боздошти шахсиятҳои машҳур бо гумони нашъамандӣ ва харидуфурӯши маводи мухаддир бар дӯши Прокуратураи генералӣ вогузор гашта, парванда аз рӯи моддаҳои Кодекси ҷиноятии Туркия, ки ба масъалаи нигоҳдории маводи мухаддир барои истифодаи шахсӣ ва мусоидат ба истеъмоли он нигаронида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Бояд гуфт, ки дар баробари ситораҳои шоу-бизнес писари вакили парлумони Туркия аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ (CHP) Аднон Бекер ва чанд нафар тоҷирону сарватмандони шинохта, ки айни замон дар хориҷи кишвар қарор доранд, бо гумони даст доштан дар ин қазия мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифтаанд...
Тафтишот чӣ гуна ҷараён дорад?
Бино ба иттилои расонаҳои Туркия, ҳамаи боздоштшудагон дар марҳилаи аввал барои гузаронидани ташхиси тиббӣ ба муассисаҳои махсус интиқол дода шудаанд. Аз онҳо намунаҳои хун ва мӯй гирифта шуда, барои муайян намудани эҳтимоли истифодаи маводи мухаддир ба озмоишгоҳҳо фиристода шудааст. Баъдан гумонбарон ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир барои бозпурсӣ интиқол дода шудаанд. Аммо то ҳол мақомоти тафтишотии Туркия натиҷаи ташхис ва далелҳои дар ҷараёни тафтишот ошкоршударо расман эълон накардаанд.
Аз авҷи шуҳрат то курсии ҷинояткорӣ
Коршиносони ҳуқуқӣ таъкид мекунанд, ки боздошти ситораҳои олами шоу-бизнеси Туркия ҳанӯз маънои гунаҳкор донистани онҳоро надорад, зеро мувофиқи қонунгузорӣ ҳар як шаҳрванд то замони исбот шудани гуноҳаш аз ҷониби суд бегуноҳ ҳисобида мешавад. Аммо дар сурати собит шудани гуноҳашон, сарфи назар аз шуҳрати мақомашон, онҳо тибқи қонун албатта ҷазо мегиранд.
Қонунгузории Туркия барои нигоҳдорӣ ва истифодаи ғайриқонунии маводи мухаддир ҷазоҳои гуногунро пешбинӣ кардааст. Дар ҳолати нигоҳдории маводи мухаддир барои истифодаи шахсӣ муҷримро аз ду то панҷ сол зиндон карда метавонанд, аммо барои нафароне, ки бори аввал ба чунин кор даст задаанд, дар қонун сабукиҳо пешбинӣ шуда, ҷазоҳои алтернативӣ ва ба таъхир гузоштани иҷрои ҳукм татбиқ карда мешавад.
Агар тафтишот муайян намояд, ки шахс барои истифодаи маводи мухаддир шароит фароҳам овардааст ё дигаронро ба чунин амал ташвиқ намудааст, ҷазо бамаротиб вазнинтар мешавад. Дар чунин ҳолат қонун солҳои зиёди маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.
Тақдири Берен Соат чӣ мешавад?
Ҳуқуқшиносон бар ин назаранд, ки сарнавишти парвандаи мазкур пеш аз ҳама аз натиҷаи ташхисҳои тиббӣ ва далелҳои ҷамъовардаи тафтишот вобаста хоҳад буд. Муфаттишон таҳқиқ мекунанд, ки Берен Соат ва дигар боздоштшудагон бо иштироки дигарон бо истифодаи маводи мухаддир барои айшу ишрат шабнишиниҳои махсус доир мекарданд ё не? Агар чунин ҳолатҳо ошкор ва ба дигарон пешкаш кардани маводҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ фош карда шавад, барои фароҳам овардани шароит ва мусоидат намудан ба истифодаи маводи нашъаовар Берен Соат, шавҳараш Канъон Доуғлу ва дигар ситораҳои шоу-бизнеси ин кишварро аз 5 то 10 сол зиндон карда метавонанд.
Чанд маълумоти ҷолиб аз зиндагиномаи Берен Соат
Берен Соат яке аз маъруфтарин чеҳраҳои телевизион ва синамои Туркия ба шумор меравад. Зебосанам 26-уми феврали соли 1984 дар шаҳри Анқара ба дунё омада, факултаи иқтисод ва идоракуниро хатм намудааст, вале баъдан тақдир ӯро ба олами синамо пайваст.
Туфайли як кастинг истеъдодашро синамогарони турк мушоҳида намуда, ин паричеҳраро ба филмҳояшон даъват мекардагӣ шуданд ва ҳамин тавр дар муддати кӯтоҳ Берен Соат ба қатори ҳунармандони машҳури кишвараш дохил шуд.
Аввалин филме, ки актриссаро дар хориҷ аз Туркия низ машҳур гардонд, «Муҳаббати мамнуъ» буд. Аммо филме, ки Берен Соатро азизи дили мухлисон гардонд, “Гунаҳкори бегуноҳ” ё “Фотимагул чӣ гуноҳ дошт?” мебошад, ки дар кишварҳои пасошуравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо низ ҳазорон нафар онро бо оби дида тамошо карда, ҳар як қисматашро бесаброна интизор мешуданд.
Эфе Гурай ишқи аввалини актрисса буда, муддати се сол мисли Лайлию Маҷнун ошиқи шайдои ҳамдигар будаанд, вале соли 2004 ҷавон ба садамаи мудҳиш дучор гашта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Актриса 12 сол пеш бо Канон Доуғлу издивоҷ кардааст, аммо ин ҷуфт то ҳол фарзанд надоранд.
Берен Соат замоне Туркияро дар озмуни машҳури “Евровидение” (Eurovision) муаррифӣ карда буд ва натанҳо дар кишварҳои Шарқ, балки дар Аврупо низ машҳур мебошад.
Берен Соат дар сериали машҳури "Асри боҳашаммат” (Великолепний век) нақши яке аз тавонотарин занони таърихи Империяи Усмонӣ - Волида Султонро бозидааст.
Айни замон Берен Соат 42 сол дорад, вале аз синну солаш хеле ҷавон менамояд.
Ф. САТТОРӢ