13-уми сентябр дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими имзои шартномаи сарпарастӣ байни Аввалин ширкати миллии букмекерии FORMULA55 ва дастаи футзали “Пойтахт” баргузор гардид.
Созишнома байни директори генералии ширкати FORMULA55 Баҳром Подчаев ва сармураббии бошгоҳи футзали «Пойтахт», мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ ба имзо расид.
Шартнома барои як сол баста шуда, он бо мақсади рушди футзал ва омода намудани футзалбозони соҳибмалака равона шудааст.
Бояд бигӯем, ки FORMULA55 мавсими сеюм аст, ки сарпарастии ин дастаи футзали шаҳри Душанберо ба дӯши худ мегирад.
Аввалин ширкати миллии букмекерии FORMULA55 пайваста варзиш ва варзишгарони тоҷикро дастгирӣ мекунад.
Ҳамзамон FORMULA55 Сарпарасти генералии Лигаи футболи Тоҷикистон мебошад.
FORMULA55 - Мо варзишро рушд медиҳем!