Сархӯр
Ман дар оилаамон баъд аз ду писар ба дунё омадаам. Модарам ҳамеша орзуи духтардор шуданро доштааст, вале мутаассифона, баъди тавлиди ман дигар чашмони озурдааш ҳатто ба духтарчаи ҷингиламӯяш назаре накардаанд. Вақте модарам дар беморхона ҷон медиҳад, падарам маро, ки ҳанӯз шири модарро начашида будам, ба дасти холаам дода мегӯяд: “То ба воя расиданаш ӯро ба ҷои модараш парасторӣ мекунӣ”.
Ҳамин тавр, холаам фарзанди орзукардаи хоҳарашро ба ҷону дил қабул карда, Орзу ном гузошт ва ман дар тарбияи холаам калон шудам. Намедонам падарам чӣ кора буданд, вале медонам, ки марди обрӯманди деҳа, шарики ғаму дарди мардум буд. Хурду калони деҳа эҳтиромаш мекарданд. Ҳар боре ба хонаи холаам ба хабаргирии ман меомад, бо борхалтаҳои пур омада: “Барои Орзу овардам” мегуфт. Ман ҳам оҳиста-оҳиста ба падарам одат кардам, чунки танҳо падар ва холаамро мешинохтаму халос. Падарам маро бисёр дӯст медошт. Ниҳоят дар синни панҷсолагиам ӯ маро ба хонаи худаш бурд. Падарам дар ин муддат зан нагирифта буд. Бародаронам бароям бегона буданд ва маро чашми дидан надоштанду “хоҳари сархӯр” меномиданд. Корҳои хонаро онҳо мекарданд. Ман низ кам-кам ба корҳояшон кумак мекардам. Зангирӣ дар гӯшаи хаёли падарам набуд. Фақат бо ман бозиҳои кӯдакона мекарду барои модарам ашк мерехт. Чӣ қадар барояш вазнин буд, таҳаммул кардани ин қадар дарду ғам. Азбаски дар хона дасти зан намерасид, чеҳраи падарам заъфарон буд. Ба фарзандони бе пару боли зору ҳайронаш менигаристу дилаш реш-реш мешуд. Баъди чанде падарам пас аз насиҳатҳои зиёди дӯстонаш ба хона зан овард. Зани падарам аз модарам дида, ҷавонтар буд. Баъди зан гирифтани падарам, бародаронам ба ман меҳр пайдо карданд.
“Аз ту бӯи модар меояд”
Пас аз марги модар падар бегона мешавад мегӯянд, ҳақ асту рост. Бародаронам “Аз ту бӯи модарамон меояд” мегуфтанд ва маро ҳамеша аз зулми моиндарам ҳимоя мекарданд. Намегузоштанд, ки зани падарам ба ман гапи пасту баланд занад, аммо рафтори падари меҳрубонамон оҳиста-оҳиста тағйир ёфта, дар рӯзгори тинҷу осудаамон камбудиҳо пайдо шудан гирифтанд. Падарам акнун бо ҳар баҳона бародаронамро ҷанг мекарду “кор карда, худатон зан гиред” мегуфт. Ниҳоят бародари калонӣ безор шуда, баъди хатми мактаб ба Русия коркунӣ рафт. Кори хуб пайдо кард. Ба ману бародарам занг зада мегуфт, ки ягон камбудӣ шавад, ба ман занг занед. Ҳар моҳ ба ман пули нағз равон мекард. Баъди калон шуданам, рӯзе дар мактаб шунидам, ки моиндарам ду писари калон доштааст. Падарам аз фарзанддор буданаш то хонадор шуданаш хабар надошт.
Як рӯз пинҳонӣ аз моиндарам дар ин бора бо падарам гуфтугӯ кардам. Падарам қариб ба сарам мушт мебардошт, ки бо хабарҳои дурӯғи беасос асаби маро вайрон накун. Хомӯш шудам.
“Дигар аз паси ин гапҳо нагард”,-гуфт падарам. Бародари хурдиам ҳам мактабро хатм карда, ба кори шабона гузашт. Ҳар ду бародаронам бачаҳои калони зангир шуд буданд, аммо падарам дар фикри хонадор кардани онҳо набуд. Бародари калониам мегуфт, ки то хона нахарам, зан намегирам.
Ниҳоят пас аз хатми мактаб, рӯзе падарам гуфт, ки Орзуро ба шавҳар медиҳем. Намедонистам, ки шавҳаршавандаам чӣ кора ва аз куҷо аст. Онҳо аз ман чизе напурсида, маро фотеҳа карданд. Холаам гуфт, ки падари беинсофат туро дар як деҳаи дурдаст ба як подабон додааст, вале барои дар ин бора бо падарам гап задан ҳақу ҳуқуқ надоштам. Ҳамин тавр маро тӯй карда, ба як деҳаи дурдасти кӯҳистон бурданд. Он деҳа хурдакак буда, тахминан бист хоҷагӣ дошту халос. Шавҳарам як ҷавони бенури дар офтоб сӯхтагӣ буда Полвон ном дошт. Ӯ подаи ҳамон деҳаро нигоҳубин мекард.
Гарчанде нисбати шавҳару нисбати зиндагиам меҳр надошта бошам ҳам, бо хости Худо зуд ҳомиладор шудам. Дар хонаи шавҳарам касе бо ман муомилаи хуб надошт. Хусуру хушоманам доим таъна мекарданд, ки падарат туро бо чанд гӯсфанд иваз кард.
Арӯси бе соҳиб
Аз ҳомиладории ман касе хурсанд набуд, ҳатто шавҳарам ҳам. Аз қафои мол гашта, мисли ҳайвон шуда буд. Парвои зану фарзандро надошт. Дар баданам ҷон намонда буд. Камхун, ки будам, бе ҷону беҳол шудам ва қуввати роҳ гаштан надоштам. Фикр мекардам мисли модарам тоқати бардоштани фарзандро накарда мемирам. Сарамро аз болин бардоштан намехостам, аммо хушдоманам “хоб ба зани ҳомила зарар дорад, хез, ҳаракат кун, аз паи кор шав” гӯён, маро дамгирӣ намемонд.
Пас аз нуҳ моҳ ба болои зиндагии вазнинам дугоник таваллуд кардам. Хушдоманам нагузошт ба таваллудхона равам. Аз ҳуш рафтам. Вақте бедор шудам, дидам, ки хушдоманам ҳамроҳи кампири ҳамсоя ду тифлакро лӯлак карда, дар барам хобондаанд, ду писари нозанин.
Хушдоманам як-ду рӯз гардсӯз карда, ба ман доду боз хеста, аз паси кору бор шудам. Як шаб хусурам аз масҷид омада гуфт, ки тайёриатро бин, субҳ мошин меояд, ба хонаатон рафта, як- ду рӯз гашта биё. Аз ин хабари ногаҳонӣ ҳам шод гаштаму ҳам ғамгин, зеро модар надоштам, ки аз рафтани ман хурсанд шавад, акаҳоям ҳам дар хона нубуданд. Хулоса, бо дили нохоҳам либосҳоямро ҷамъ карда, тайёр шудам. Либос намеёфтам ба писарони навзодам пӯшонам. Як келини ҳамсоя дилаш ба ман сӯхту як-ду либоси кӯдакона оварда дод. Субҳи барвақт садои сигнали мошин баланд шуд. Хусурам маро гусел карду ақаллан боз биё нагуфт.
Таҷовузи ронанда ва марги падар
Мо ба роҳ баромадем. Пас аз ду соат дар байни кӯҳҳои сар ба фалак мошин аз кор монд. Ронанда ин сӯву он сӯ тоб хӯрда, дар гирди мошин чарх мезад. Аз гуруснагӣ шир ҳам надоштам. Кӯдакон беист гиря мекарданд. Чашмони ронанда мисли гурги гурусна хун гирифта, сурх шуда буд. Дар дилам тарс пайдо шуда гуфтам:
“Амакҷон тезтар мошинатонро соз кунед, кӯдакон тар кардаанд”. Аммо ин марди ҳайвонсурат шарт гузошт, ки бо ман ҳамхоба мешавӣ ё дар ҳамин биёбон аз мошини мефуроиву хӯроки гургон мешавӣ. Зораю тавалло мекардам, ки “амакҷон ба ман раҳм кунед, охир нав таваллуд кардаам, ҳоло чилаам ҳам набаромадааст. Шумо аз ҳамин деҳа бошед, ҳоли зори маро медонед”.
-Ман ҳеҷ касро намешиносам. Аз деҳаи шумо ҳам нестам. Ба ман гап нишон надеҳ, тирмизак, -гӯён ба зораю таваллоям нигоҳ накарда, вай мисли урги гурусна ваҳшиёна ба ман дарафтод.
Ниҳоят ба мақсади нопокаш расиду боз роҳамонро давом додем. Аз тарс хомӯшу бесадо мегиристам. Аз ӯ хоҳиш кардам, ки маро ба хонаи холаам барад. Ӯ маро ба хонаи холаам бурда расонд.
Аз мошин фаромадаму ба ақиб нигоҳ накарда, ба ҳавлии холаам даромадам. Намедонам хусурам ба он мард роҳкиро дода буд ё не, чизе напурсидам. Ба ҳавлӣ даромада, дар сари холаам рӯймоли сафедро дида, ҳайрон шудам. Холаам гуфт, ки “падаратро гурӯ чуб кардем, нав омадӣ?” Бо шунидани ин хабар пойҳоям беҷон шуда, пеши чашмонам торик шуд ва ба замин афтидам. Садои гиряи тифлаконам маро ба худ овард.
-Ту магар хабар надоштӣ?- пурсид холаам.
-Не, ман аз чизе хабар надоштам.
-Падарат бе касал вафот кард, ӯро гурӯ чӯб карда, баргаштем.
Давом дорад