Ин акс имрӯз маро "кушт"...
Шаҳболе, ки тӯли 7 сол, баъди латукӯб шуданаш дар сарбозӣ маҷрӯҳ гашту дигар аз пой монд, дирӯз ин ҷаҳонро шояд бо танаффур тарк кард?
Замоне чанд аз азобҳояш матбуот садо баланд мекарду мақомотро барои ҷуброни зарар маҷбур мекард, то ӯро табобат кунанд , инак, аз ҷаҳаннами пуразоб ба оромгоҳи абад рафт.
Вале доғ дар ҷигару ҳушдор дар мағзи мо монда рафт.
Бархе, худро бо он таскин медиҳанд, ки "дедовщина" ҳамеша дар армия буду мемонад.
Аммо ман инро қабул надорам!
Ҳеҷ модар ба ин розӣ шуда наметавонад.
Охир пештар аскарбачаҳои тоҷик ба дигар кишвар ба хизмат мерафтанд, шояд забон намедонистанду шатта мехӯрданд? Вале ба ҳар ҳол он ҷо обутоб ёфта бармегаштанд!
Аммо шукр ҳоло замона тинҷ ва онҳо дар хидмати Ватани худанд. Аммо чанде аз онҳо кушта ё ба худкушӣ расидаанд. Чаро?!!
Чаро, онҳо бо дасти ҳамдигар маъюб шаванд. Чаро кушта шаванд?
Магар онҳое, ки аскаронро озор медиҳанд, аз комиссияи тиббӣ намегузаранд? Девона будани онҳоро намесанҷанд?
Охир шикастани миёну гардани Шаҳбол бо як шаппотӣ набуд- ку?
Онеро, ки ӯро то устухоншиканӣ кӯфтааст, магар инсони соқ номидан мумкин аст?
Магар модаре, ки 18- 20 сол писар ба воя мерасонад, ба ҳамин умед, бача зоидаву бузург карда?
Ин даҳшат аст!
Медонам, ки барои як гуноҳ як бор ҷазо медиҳанд. Боз медонам, ки на ҳамеша гунаҳгорони аслӣ ҷазо мегиранд.
Вале мехоҳам, бале, аз чӣ бошад, ки дилам сахт мехоҳад, онҳое, ки дар марги Шаҳболи бароям ношинос гунаҳгоранд, дубора ҷазо бинанд. Як бор барои зарари вазнини ҷисмонӣ расонидан ва дубора барои ба марг расонидан!
То ин даҳшат дигар такрор нашавад.
Эй одамон, аз ин ваҳшоният бачаҳои мардумро раҳонед!
Ин рафтор фашистӣ аст, ки ҳамхидмататро озори ҷисмонӣ дода,то марг бирасонӣ.
Охир, падару модари ӯ ёрои як шаппотӣ заданашро шояд надоштанд?
Кадом волиде инро таҳаммул мекунад, ки пораи ҷонаш озор ёбад?
Бачаи мардум ҳам барои худаш ширин аст! Хоса ширин аст, ки бо азоб калонаш кардаанд.
Ин акс маро имрӯз ғамбемор кард...
Ҳарчанд худро ба дигар кор андармон мекунам, аз пеши чашмам ин шаҳписари ғарқаи хорӣ, ин нозанинбачаи ба маъюбӣ ҳафт сол "ҳукмгирифта" аз дасти ҳайвонсирате, аз пеши чашмам дур намешавад.
Шаҳбол намои озори инсон- доғест сӯзон, то абад, дар дили ману мо.
Агар ман телефонҳои он қотил- фелдшер ва ҳамаи роҳбарони мақомоти ҳарбиро медоштам, ин аскро ҳар саҳар ба онҳо мефиристодам!!!
Агар ин иқтидорро медоштам ин аксро плакат карда дар пеши хонаҳои онҳо мезадам.
Ва менавиштам:"Бачаҳои мардумро эҳтиёт кунед! Танҳо фарзандони шумо не, онҳо ҳам барои волидонашон азизанд!
Бачаҳои шумо- ку хизмати сарбозиро намебинанд, ақаллан сарбозони мардумиро накушед"!
Ин акси Шаҳбол то абад виҷдони моро бояд бисӯзад!
***
Шаҳбол, бароят ман бисӯзам, бе суд,
Аз гӯри пурормони ту ояд дуд...
Магар моро бахшидӣ, ҳини ҷон додан, ай аскарбачаи бегуноҳ куштаву номуроди Ватан?
Мо ҷомеа пеши руҳи поки ту гунаҳгорем...
БОЗНАШР АЗ САҲИФАИ ҲУРИНИСО АЛИЗОДА
БОЗНАШР АЗ САҲИФАИ ҲУРИНИСО АЛИЗОДА