Ба саволҳои шумо яке аз уламои шинохтаи кишвар Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода чавоб мегӯяд.
-Як рафиқам ҳамеша бо мо баҳс мекунад, ки сигору нос рӯзаро намешиканад, зеро ин чизҳо аз гулӯ поён намераванд ва дар баёни шиканандаҳои рӯза дохил нашудаанд. Мехоҳам шумо ба ин баҳси мо хотима бахшед.
Зафар, ш.Душанбе.
-Дар ин масъала ҷои баҳс нест, зеро ҳам нос ва ҳам сигор рӯзаро мешикананд. Он чизе, ки кайфият мебахшаду ба воситаи он шумо нерӯ мегиред ва ё кайфияти худро қонеъ мегардонед, шиканандаи рӯза аст. Рӯза доштан маънои аз ҳама чиз парҳез карданро дорад. Ҳам аз сухани бад, ҳам аз рафтори бад ва ҳам аз амалҳои бад. Магар сигору носкашӣ амали хуб аст? Он далелҳое, ки ҷонибдорони сигору носкашӣ меоранд, далели ғайришаръист. Агар носу сигор таъсир нарасонад, магар онро мекашанд? Пас, ин маводҳои номбаршуда шиканандаи рӯза ҳастанд.
-Гирифторони кадом беморӣ бояд рӯза нагиранд? Инро кӣ мушаххас мекунад: табиб, мулло ё худи шахс?
Марҷона, ш.Хуҷанд.
-Мутобиқи шариати ислом чунин ваколатро табиби ҳозиқ дорад. Табиб муайян мекунад, ки воқеан ҳам, гирифтани рӯза барои саломатии як шахс зарар дорад, ӯ амр мекунад, ки ҳамон шахс аз гирифтани рӯза худдорӣ кунад. Масалан, гирифторони бемории қанд. Дар як рӯз бояд чанд литр об нӯшанд, вагарна саломатии худро аз даст медиҳанд, табиб ба онҳо гирифтани рӯзаро манъ мекунад. Вале бояд таъкид намоем, ки ин табиб ҳам дар назди Худо барои гуфтаҳои худ ҷавоб мегӯяд. Агар ӯ беморро, воқеан ҳам, дуруст аз гирифтани рӯза боздошта бошад, боке нест, вале агар бо назардошти ягон манфиати дигар ва беасос чунин корро карда бошад, ба ҷои он бемор ҷавоб хоҳад гуфт. Аммо рӯза ягона тоатест, ки асрори он танҳо байни Худо ва рӯзагир аст. Кас намедонад, шахсе, ки зоҳиран рӯзадор аст, воқеан ҳам, рӯза гирифтааст ё на. Бузургии моҳи Рамазон ҳам дар ҳамин аст. Дигар тоату ибодатҳо зоҳиран дида мешавад, фарз кардем, хондани намозу хайру садақа кардан ва ғайра. Аммо агар бемор худаш донад, ки ҳарчанд бемор аст, вале қувваташ барои гирифтани рӯза мерасад, беҳтараш, ки рӯза дорад. Ҳастанд нафароне,ки ният мекунанд, вале рӯза намегиранд. Онҳо бояд кафорати ин гуноҳро диҳанд. Кафорат –ин яъне ҷаримааст. Кафорати қасдан рӯза хӯрдан барои як рӯз 2 моҳу як рӯз муқаррар шудааст.
-Домуллои муҳтарам, фитри рӯза барои Рамазони соли 2022 чӣ миқдор муайян шудааст?
Воҷиб, н.Варзоб.
-Мувофиқи қарори Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Рамазони имсола фитри рӯза ба ашхосе, ки сатҳи зиндагиашон миёна аст, 7 сомонӣ муқаррар гардидааст. Барои нафароне, ки зиндагии хуб доранду сарватманд ҳастанд, фитри рӯза аз ҳисоби гандум 7 сомонӣ ва аз ҳисоби мавиз 80 сомонӣ муқаррар гардидааст.
-Оё шахсе, ки рӯза намедорад,фитри рӯза медиҳад?
Мадина, ш. Панҷакент.
- Шахсе, ки рӯза намедорад, бояд садақаи фитр диҳад. Аслан, фитри рӯза ба ҳамаи аҳли хонавода зарур аст.
-Бархе мегӯянд, ки фитри рӯзаро ба домуллое, ки аз пасаш намоз мегузорӣ, бояд дод. То чӣ андоза ин дуруст аст?
Мардон, н. Ашт.
-Фитри рӯза ба ашхоси фақиру мискин ва нафароне, ки Худованд дар ояти 60-уми сураи “Тавба” зикр кардааст, дода мешавад. Садақаи фитр ва хайрот, пеш аз ҳама, ба наздикон, хешу табори камбизоату муҳтоҷ, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, яъне ятимону маъюбон, шахсони бесаробон ва оилаҳои камбизоат аз ҳисоби заҳмати ҳалол ва бо дасту қалби пок дода мешавад.Агар домуллои шумо аз ҷумлаи ин гуна ашхос бошад, пас додани фитри рӯза ба ӯ боке надорад.
- Мегӯянд, ки фитри рӯзаро ба ака, додар ё апа додан ҷоиз нест. Оё ин дуруст аст?
Муҳаммадҷон, н.Айнӣ.
-Додани садақаи фитр тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) ба касоне дода мешавад, ки масрифи закот ҳастанд, яъне фақиру мискин, мадюн, омили садақа ва ғайра. Бинобар ин, додани садақаи фитр ба акаву додар ва апаву хоҳар дуруст аст, ба шарте, ки фақиру бенаво бошанд.
-Додани садақаи фитр ба имоме, ки масрафи закот нест, ҷоиз аст ва садақаи фитр дар гардани киҳо воҷибаст?
Амрулло, н.А.Ҷомӣ.
-Додани садақаи фитр ба шахсе, ки масриф ва мустаҳиққи закот нест, ҷоиз намебошад. Мустаҳиққи садақаи фитр ҳамонаш хосе ҳастанд, ки мустаҳиққи закотанд. Ба монанди фақир, мискин, қарздор ва ғайра. Садақаи фитр бинобар мазҳаби мо ҳанафиҳо бар шахсе воҷибаст, ки ба қимати 85 гр. Тилло ва ё ба арзиши тақрибан 2,5 ҳазор доллар, зиёда аз ҳоҷати асли молу сарват дошта бошад. (Шарҳ аз идора: дар муайян кардани нисоб, нархи 1 гр тиллои тозаро ба инобат бояд гирифт. Масалан, агар 1гр тилло 29 доллар бошад, 2500 доллар нисоби закот аст. Аммо агар тилло қимат шуд ё арзон, мувофиқи он ҳисоб карда мешавад).
Лозим ба ёдоварист, ки агар шахс 2,5 ҳазор доллари нақд, яъне коғазӣ дошта бошад, балки ҳар моле, ки аз ҳоҷати аслӣ берунаст, ин ҷо ҳисоб карда мешавад. Масалан, қолин, кӯрпа, либос, гов ва ҳатто утоқҳои зиёдатӣ нарх гузошта,ҳисоб карда мешавад. Агар маҷмӯи онҳо бо 2, 5 ҳазор доллар расид, пас бар ӯ садақаи фитр додан воҷиб ва садақаи фитр гирифтан ҳаром аст. Ба шарте,ки қарздор набошад. Дар сурати қарздор будан, ҳукми мазкура баръакс мешавад. Яъне, садақаи фитр гирифтан ҷоиз мешавад, вале садақаи фитр додан воҷиб намешавад.
-Падарам дар зиндонаст. Оё ба ӯ ҳам додани фитри рӯза равост?
Санҷар, н. Деваштич.
-Оре, агар моли шумо ба нисоб расида бошад, пас барои шумо закот воҷиб аст. Инчунин, садақаи фитр бар шумо воҷиб аст.
-Устоди азиз, имсол нисоби закот чӣ миқдор муайян шудааст?
Набиҷон, н. Восеъ.
- Бародари азиз, тибқи қарори Шўрои уламо имсол нисоби закот ба миқдори 20000 сомонӣ муайян гардид, ки аз он 500 сомонӣ закот пардохт мешавад.
-Хоҳарам аз оила ҷудо шуда, таҳти сарпарастии бародар– яъне ман қарор дорад? Оё закотамро ба ӯ диҳам мешавад?
Абдураҳмон, н. Ҳамадонӣ.
- Хоҳар дар зери сарпарастии бародар бошад, бародар наметавонад ба ӯ закоташро бидиҳад. Аммо агар зери сарпарастии ӯ набошад, метавонад ба ӯ закот бидиҳад. Агар шумо бародарони дигар дошта бошед, ки хоҳаратон зери сарпарастии онҳо набошад ва онҳо соҳиби закот бошанд, пас метавонанд ба хоҳари худ закот бидиҳанд.
-Зиёда аз даҳсол пеш ман ба писархолаам қарз дода будам. Дар ин муддат ў қарзро барнагардонд ва дар ин бора чизе ҳам намегўяд. Якчанд сол пеш ўро ёдовар кардам. Ман хавф дорам, ки агар аз ў суол кунам, сабаби озурдагӣ байни хонаводаҳо мешавад. Оё ин маблағро барои закотҳисоб кунам?
Камолиддин, ш. Конибодом.
-Бародари азиз, агар умеди пас гардонидани қарзатон вуҷуд дошта бошад, ҷоизаст, ки ин маблағи қарзро дар закотҳисоб кунед. Ин беҳтараст.
-Агар ба воситаи телефон ё интернет ягон тиҷорат кунем ва пули он ба нисоб расад, аз он пул закот додан дурустаст?
Иброҳим, ш. Истаравшан.
- Албатта, новобаста аз он ки дар куҷо фаъолият мекунед, маблағи шумо ба нисоб расида бошад, пардохти закот фарз мешавад. Аммо бояд бидонед, ки тиҷорати шумо дар интернет бояд дар доираи аҳкоми шариат бошад.
-Ман маблағи ба нияти харидани хона маблағҷамъ карда истодаам. Оиладор ва соҳиби як фарзандҳастам. Қариб ду сол мешавад, ки дар ҳуҷраи иҷора зиндагӣ мекунем. Ба ман додани закот фарзаст ё на?
Парвиз, ш. Душанбе.
-Агар маблағи ҷамъкардаи шумо ба ҳадди нисоб (35000 сомонӣ) расида, аз вақти расидани он як сол сипарӣ шуда бошад, дар ин сурат бар шумо закот додан воҷиб мешавад. Закоти имсола аз 35 ҳазор сомони 875 сомонӣ муқаррар гардидааст.
-Оё андозҳое, ки ба давлат месупорем, закот ҳисоб мешавад ё не? Мирзо, ш. Истаравшан.
-Бародари азиз,андоз, боҷи давлатӣ ва дигар масрафҳое, ки ба давлат месупоред, вазифаи шаҳрвандии шумост. Закоти мол бошад, масъулияти бандагиатон дар наздиХудованд аст. Бинобар ин, андоз закот ҳисоб намешавад. Масорифи закот нафарони махсус ва мушаххас ҳастанд, киХудованд дар ояти 60-уми сураи “Тавба” баён кардааст. Аз ин рў, бар шахси закотдиҳанда лозим аст, ки закоташро бо дасти худ ба ин нафарон пардохт намояд.
Таҳияи О.СОҲИБЗОДА