Ду рӯз қабл ҷасади як марди ҳисориро аз Данғара ба зодгоҳаш оварданд.Тавре ки шоҳидони ҳодиса мегӯянд, дар сари марҳум осори лату кӯб дида мешуд…
Тавре ки як сокини ноҳияи Ҳисор бо исми Олима ба хабарнигори сомонаи Oila. Tj гуфт, марҳум Файзулло Ғафуров зода ва сокини дараи алмосии шаҳри Ҳисор буда, тахминан 47-48 сол доштааст. Мавсуф ба боғбонӣ шавқу ҳавас дошта, ба Данғара ба хотири буридани шохаҳои дарахтон (обрезка) сафар карда будааст. Файзулло Ғаффуров дар заминҳои деҳаи Корези Данғара ба ”обрезка”-и дарахтон машғул буд, вале ин амали хайр оқибат риштаи ҷони ӯро бурид.
Ҷасади Файзулло Ғафуровро субҳи рӯзи ҷумъа бо осори лату кӯб ба деҳааш оварданд. Дар сари марҳум изи оҳан намудор буда, хун ҳатто баъди шустани маит манъ нагаштааст.
Ҳарчанд дар ҷисми марҳум аломатҳои марги маҷбурӣ вуҷуд дошта бошанд ҳам, пайвандони Файзулло Ғафуров барои гузаронидани экспертизаи тиббии судӣ иҷозат надоданд.
Ёдрас мешавем, ки ин дуюмин фоҷиа дар бадали як сол дар ин хонавода мебошад. Соли гузашта айнан дар ҳамин шабу рӯз писари калонии Файзулло Ғафуров-Раҷаблӣ Ғафурров бинобар сабаби муноқишаи оилавӣ даст ба худкушӣ зада буд.
Ҷасади Файзуло Ғафуровро дар мазори деҳаи Нилу дар паҳлӯи қабри писараш Раҷабалӣ Ғафаров ба хок супурданд.