Sebiston new 2024 october
Файзалӣ Сардоров довталаби ҷоизаи “Беҳтарин футзалбози сол дар Осиё” шуд
66

Файзалӣ Сардоров, футзалбози тоҷик довталаби ҷоизаи беҳтарин футзалбози сол дар Осиё шуд.

Конфедератсияи футболи Осиё рӯйхати довталабони ҷоизаҳои солонаро эълон кард. Дар рӯйхати довталабон Файзалӣ Сардоров низ шомил аст, ки дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 бомуваффақият баромад кард. Дар Тайланд ӯ ду гол зад. Ҳамчунин Саид Аҳмад Аббосӣ (Эрон) ва Дилшод Раҳматов (Ӯзбекистон) барои унвони беҳтарин футзалбози Осиё муддаӣ ба ҳисоб мераванд.

Биёед ҳамроҳ дафтаи комёбиҳои варзишии Файзалиро варақ мезанем:

Сардоров Файзалӣ Азизович 8-уми апрели соли 1998 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ футзалбози маъруфи тоҷик, бозигари бошгоҳи «Соро Компания» ва тими миллии Тоҷикистон мебошад. Файзалӣ хатмкардаи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии таълимӣ оид ба варзиши Душанбе буда, устоди аввалинаш Абдуҷалил Саидов аст.

Ӯ соли 2013 дар синни 15-солагӣ дар мусобиқаи ҳарсолаи Ҷоми Кирсанов ҳамчун “Беҳтарин бозигар” дониста шуд ва соли ояндааш ба тими "Ҳумо"-и пойтахт даъват шуд. Соли 2017 “Беҳтарин бозигари сол” дар Тоҷикистон эътироф шуд. Бо назардошти низоми баргузории чемпионати Қирғизистон (тирамоҳ - баҳор), аз соли 2018 дар чемпионати ин кишвар низ бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати клуби “Соро компания” барандаи секаратаи Ҷоми футзали Тоҷикистон (2020, 2021, 2022), барандаи Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал (2021, 2022, 2023) буда, ҳамчун “Беҳтарин футболбози футзали сол” дар Тоҷикистон дар солҳои 2017, 2021, 2022 ва “Беҳтарин бозигар”-и финали Ҷоми Қирғизистон дар соли 2019 эътироф шудааст.

Файзалӣ чандин сол чун капитани бошгоҳи «Соро компания»-и шаҳри Душанбе фаъолият кард ва дар ҳайати он ду сол “Беҳтарин футзалбози Тоҷикистон” эътироф шуд. Ӯ аз соли 2018 дар ин тим буд.

Сардоров моҳи январи соли 2023 бо дастаи “Столитса”-и Белорус қарордоди ҳамкорӣ имзо кард ва тӯли 1 сол бозигари он буд.

Файзалӣ таҷрибаи бозӣ дар дастаҳои «Ҳумо» (Душанбе), «ТКБ Лизинг» (Душанбе), «Карон» (Душанбе), «Сипар» (Хуҷанд), «Соро Компани» (Душанбе), «Алга-Дордой» (Бишкек) ва «Фарватер» (Бишкек)-ро дорад. Феълан дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 28-умин маросими ҷоизасупории КФО «AFC Annual Awards» рӯзи 29-уми октябр дар Қасри бузурги сулҳи Донишгоҳи Кёнхи Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД