formula
Фаврӣ: Муҳоҷири тоҷик дар МАСКАВ ГУМ ШУДААСТ
2900

 

Наздикони Одиназода Мақсад Тоир, сана таваллудаш 14 июли соли 2000, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлони Тоҷикистон аз рӯзи 8 март бедарак шудааст. Парвиз Одиназода, бародари Мақсад ба як манбаъи муътамад гуфтааст, ки ӯ дар як манзил дар ноҳияи Раменскийи вилояти Маскав ба ҳайси боғбон кор мекард.

“Рӯзи 7 март як додарам бо як дӯсташ ба хабаргирии Мақсад рафта буд. Мақсад барои онҳо хӯрок пухтааст ва якҷо нишастаанд. Ҳамааш хуб буд. Ҳамон бегоҳ худам ҳам зангаш задам. Нимаи дуюми рӯзи 8 март зани соҳиби хона зангам зад, ки “Мақсад нест”. Ба телефони Мақсад занг задам, аввал рӯшан буд, вале касе гӯширо нагирифт. Баъд телефонаш хомӯш шуд. Ба гуфтаи соҳибхона, ҳамон рӯз либосҳояшро пӯшида, аз хона берун баромадааст. Вале маълум нест, ки куҷо рафтааст. Инак се рӯз боз, ягон дарак надорем дар бораи ӯ...” – мегӯяд Парвиз.
Парвиз Одиназода алакай ба пулиси ноҳияи Раменский ариза навишта, хостааст, ки додарашро ҷустуҷӯ кунанд. Падари Мақсад ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон низ муроҷиат кардааст, ки барои ҷустуҷӯи писараш кумак кунанд.


МАҲБУБАИ ЁВОНӢ 19-СОЛ БОЗ ШАВҲАРИ МУҲОҶИРАШРО МЕКОБАД!


Парвиз мегӯяд, ки Мақсад ҳукми ихроҷ дошт ва барои ҳамин аз хона намебаромад.
“Гуфта будам, ки ягон моҳ кор кунам ва ба хона мефиристемаш. Нақша доштем, ки имсол занаш бидиҳем. Худо кунад, ки сиҳату саломат бошад”, - мегӯяд Парвиз.
Гуфтанист, ки Мақсад дар ноҳияи Раменский дар хонае кор мекард, ки дар тӯли чандин сол боғбониашро падари ӯ ба уҳда дошт. Бо калон шудани фарзандон ҷои Тоир Одиназодаро дар муҳоҷират фарзандонаш гирифтанд...
Аз ҳамаи онҳое, ки дар бораи дар куҷо будани Одиназода Мақсад Тоир маълумоте доранд, хоҳиш мекунем, ки бо ин рақам бо бародараш Парвиз тамос бигиранд:
+7 901 364 40 27

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД