Ман Мирзобеков Давлат, сокини деҳаи Ҷалолиддини Балхӣ. Хоҳиш мекунам, номаи маро сарфи назар накарда, чизе, ки ҳаст, рӯйи чоп оред, то ба дигарон дарси ибрат гардад. Илтимосам аз шумо ҳамин аст, ки номи фарзандонамро иваз накунед, бигзор мардум донанд, ки онҳо бо падар чӣ гуна муносибат мекунанд.
Аз зани якумам се писару чор духтар дорам. Модарашон 20 сол пеш аз дунё гузашта буд ва баъди 7 соли марги ҳамсарам ман зани дигар гирифтам. Аз дубора хонадор шуданам 13 сол гузашта бошад ҳам, фарзандонам то ҳол моиндарашонро қабул кардан намехоҳанд. Ҳамсарам фарзандони маро аз ҷигарбандони худаш кам намедонад. Сарашонро модарвор сила карда, онҳоро ба камол расонд, бо сару пойи зебо ду духтарамро бо обрӯ ба шавҳар дод, писаронамро ҳам бо тӯю тамошо хонадор кард, вале аз чӣ бошад, ки дили духтару бачаҳои ман ҳеҷ ба ин зан гарм намешавад. Мудом гапҳои сахт гуфта ӯро гирён медароранд. Ду писарам ҳамроҳи мо дар ҳавлӣ зиндагӣ мекунанд- Мирзобеков Талаб ва Мирзобеков Акбар. Онҳо ҳар рӯз бе ягон сабаб моиндарашонро дашному ҳақорат дода, баъзан ҳатто ба сараш даст мебардоранд. “Ин коратон нодуруст аст, охир ҳамин бечора чӣ гуноҳ дорад, ки шумо ӯро мезанед” гӯям, тарафи занатро мегирӣ гуфта, маро низ ҳақорат мекунанду ба сарам мушт мебардоранд.
НОСФУРӮШ БОЙ ШУДУ ПИСАРОНИ МАН ГАДО МОНДАНД!
Медонам, ки баъди сари ман ҳоли зану кӯдакони хурдсолам дар ин ҳавлӣ зор мешавад, барои ҳамин аз ҳисоби замини назди ҳавлиям қитъаеро ҷудо карда ба номи ҳамсарам гузарондам, то баъди марги ман писаронам онҳоро аз дар берун накунанд. Синни ман ба 76 расидаасту даҳ сол боз дар бистари марг хобам. Чашмонам тамоман намебинанд. Мардуми деҳа «савоб мешавад» гуфта бо роҳи ҳашар дар ҳамон замин барои зану кӯдаконам ду дар хона сохта доданд. Ин кори ман ба писаронам нафорида, таҳдид карда
истодаанд, ки мӯйсафед, ягон рӯз мо тую занатро кушта мепартоем. 13-сол боз ҳамин зан маро нигоҳубин карда истодааст, бечора ба хотири ман шуда тамоми азобҳои фарзандонамро нодида мегирад, бар замми ин, аз ман фарзанд дорад, чӣ хел ман як порча заминро аз вай дареғ дорам? Рафтори бачаҳоямро дида ба хулосае омадам, ки ба онҳо падар, не, замину ҳавлӣ, боғу роғ ва пулу молаш даркор будааст. Безорам аз чунин фарзандони хунхор! Ба умед фарзанд калон карда будам, ки дар пирӣ такягоҳам шуда, маро хор гаштан нагузоранд, вале имрӯз барои бачаҳоям ҳам хари пир шудаму ҳам саги бесоҳиб. Боварӣ дорам, ки Худованд оҳи мани мӯйсафеду мазлумро мешунавад ва азобҳои додаашонро аз фарзандонашон мекашанд. Падарро, ки хору зор кардед, илоҳо мисли ман дар пириатон саги бесоҳиб шавед!
Мирзобеков Давлат, падари 76-сола.