-Аввалҳо зиндагии хеле хуб доштам. Соҳиби зан ва чор фарзанд будам. Вале ин ҳама хушбахтиямро дар як лаҳза аз даст додам… Ҳеҷ гоҳ он рӯзи даҳшатборро фаромӯш карда наметавонам.
Дар он рӯз ҳеҷ кас дар паҳлӯям набуд… Ҳатто зану фарзандонам маро танҳо гузошта рафтанд – мегӯяд, Музаффар Сафарови 50 сола.Номбурда, дар натиҷаи як садама маҷрӯҳ шуда, имрӯз маъюб аст, вале дар ин лаҳзаҳои душвор ба хонаи пиронсолон ва маъюбон афтидааст. Замоне, ки Музаффар соҳиби хонаву дару мошин буд, ҳама дар канораш буданд, вале чун рӯзи сахт ба сараш омад ҳама раҳояш карданд, ҳатто 4 фарзандаш.
Сарнавишти Музаффарро дар навори зер тамошо кунед!
Бознашр аз Tajikistan times