Дар моҳи 9-уми ҳомиладорӣ қарор дорам, вале вазъи иқтисодиям ниҳоят бад аст, зеро шавҳарам ҳанӯз дар моҳи 7-уми ҳомиладорӣ маро талоқ дода буд. Мехоҳам таваллуд карда, кӯдакамро ба як оилаи бе фарзанд, ки хеши дурамон мешаванд, диҳам, вале метарсам, ки маро ҳабс накунанд. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
Посух
Тибки талаботи моддаи 125 Кодеккси оилаи ЧТ “Фарзандхондӣ шакли афзалиятноки ҷобаҷокунии кўдакони бе парастории падару модармонда мебошанд. Фарзандхондӣ нисбати кӯдакони ноболиғ танҳо манфиатҳои онҳо бо риояи талаботи моддаи 124 Кодекси мазкур, ҳамчунин бо дарназардошти имконияти инкишофи пурраи ҷисмонӣ, рўҳӣ, маънавӣ ва ахлоқии кўдак иҷозат дода мешавад.
Фарзандхондӣ мутобики моддаи 126 Кодеккси оилаи ЧТ дар асоси аризаи шахсоне (шахсе), ки кӯдакро ба фарзандӣ қабул кардан мехоҳанд, аз тарафи суд расмӣ карда мешавад. Парвандаҳои фарзандхондиро суд ба тартиби мурофиаи махсус баррасӣ менамояд.
Агар фарзандхонди ба хотири манфиатхои кудак бошад, конунгузори манъ накардааст. Валелдодани кудак бафарзандии каси дигар бояд тибки конунгузори бор охи фарзандхонди бо карори суд дода шавад! Дар гайри хол ин чавобгари дорад!!!