Раёсати корҳои дохилии вилояти Фарғона аз бераҳмии як модар хабар дод, ки мехост кӯдаки 8 моҳаашро фурӯхта, бо пулаш хона харад.
Ба иттилои ин ниҳод, зан кӯдакчаро 10 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ намуда, бо пули ба даст омада дар ноҳияи Учкӯприк манзили истиқоматӣ хариданӣ буд. Худи ӯ дар Фарғона кору зиндагӣ мекунад.
“Кормандони Раёсати корҳои дохилӣ ва Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ӯзбекистон занро дар ноҳияи Учкӯприк ҳангоми гирифтани пул аз як сокини маҳаллӣ боздошт карданд”, - навиштааст сомонаи ин ниҳод.
Боздоштшуда изҳор дошт, ки аз кардааш пушаймон аст ва ҳоло тафтишоти қазияи мазкур идома дорад.