Arzon march 2024
ЁСАМИН ДАР БОРАИ ОВОЗАҲО ЧӢ МЕГӮЯД?
1384
ЁСАМИН ДАР БОРАИ ОВОЗАҲО ЧӢ МЕГӮЯД?

Ёсамин Давлатова имрӯз яке аз чеҳраҳои шинохтаи шоубизнеси тоҷик ба шумор меравад. Ин бонуи хушсадову хушсимо бо суруди “Кабутар” дар байни мухлисони савту наво машҳур гашт.

Таронаи мазкур “Хит” гашта, дар як муддати кӯтоҳ вирди забони хурду калон гашт ва туфайли “Кабӯтар” Ёсамин ба қатори сарояндаҳои шинохтаи тоҷик дохил шуд. Паёдо шудани овозаву ҳангмаҳои зиёд дар атрофи номи шахсиятҳои шинохта як амри маъмулӣ аст. Дар бораи Ёсамин низ овозаҳои бисёре паҳн мешаванд. ке мегӯяд ин бонуи зебо духтари ҳунарманди машҳури тоҷик Манижа Давлатова аст, дигарӣ Ёсаминро зани пинҳониии ҳаҷвнигори шинохта Ташриф Халилов намехонад. Шаби гузашта дар ютуб тасдуфан чашмам ба наворе афтод, ки “Ёсамин бо Ташриф тӯй шуд? Аз овоза то ҳақиқат” унвон дошт. Навори мазкур дар ютуб- канали “Шоу- ситораҳо” гузошта шуда буд. Сарлавҳаи навор таваҷҷуҳи маро ба худ ҷалб кард ва ворид шудам. Дар ин навор гуфта шудааст, ки гӯё мардум чанд маротиба Ёсаминро бо Ташриф Халилов дидаанд ва ҳардӯи онҳо даст ба даст будаанд. Хостаанд то куҷо ҳақиқат доштани ин овозаро фаҳманд. Ба ҳамин хотир ба Ташриф занг задаанд аммо телефонашро набардоштааст. Ба саҳифаи инстаграми Ёсамин навиштаанд, аммо Ёсамин дида бошад ҳам, ҷавоб надодааст... Пас аз тамошои ин навор хостам то куҷо асос доштани ин овозаҳоро аниқ намоям. Барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол ба Зайн Шамсиддин, продюсери ин бонуи ҳунар ҳамсуҳбат шудем. Зайн Шамсуддин гуфт: “Ин гапҳо ягон асос надорад. Мардум ба ҳар гуна овозаҳо бовар накунанд!” Мо ба ҳама мухлисони Ёсамин Давлатова гуфтанием, ки ба ҳар гуна овозаҳо бардуруғ бовар накунанд. Ёсамин ҳоло ҷавон ва саршори неруи эҷодӣ асту вақти бо чунин корҳои беҳуда машғул шуданро надорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД