Бохчон
Вақтҳои охир Суҳайл кам ба хона меомад, шабҳо ғайб мезад. Хабарҳои ҳархела ба гўшам мерасиданд, гўё шавҳарам зани дуюм гирифта бошад. Боре рашкам боло гирифту бо ў ҷанг кардам ва Суҳайл рўирост гуфт, ки “бале, зан гирифтам, чӣ мегўӣ?!”.
Оҳ чӣ қадар душвор буд шунидани ин калом, қаҳр карда, ба хонаи падарам рафтам. Шаш моҳ касе ба суроғам нарафт ва оқибат падарам “духтаронатро пеш – пеши пойи янгаҳоят накун” гўён, маро гирифта ба хонаам бурд. Дигар ман медонистаму таънаҳои шавҳараму пайвандонаш, танҳо хушдоманам каме тарафгириям мекарду халос. Ҳеварҳоям хона сохта рафтанд, хоҳаршўйҳоям низ шавҳар карда рафтанд, хонаҳои кўҳнаи падарӣ ба ман монданду хусуру хушдоманам. Бохчонам Сабо, ки аз деҳаи ҳамсоя буд, бе тарсу ларз ба хонаамон омада мерафт, ў пайи ҳам ду писар таваллуд карда, зани дўстдоштаи Суҳайл шуд. Ягона равшании шаби тори ман таваллуди писарам буд, ки баъди он шавҳарам дигар ба лаби бистарам пояшро намонд, ў рўзона фақат ба хона меомад, шабҳо бо ҳамсараш буд. Дар маркази ноҳия барояш хонаи дуошёнаи барҳаво сохт ману фарзандонам дар хонаҳои кўҳна зиндагӣ доштем. Бохчонам чунон зӯр буд, ки…
Ман ҳам паст намеомадам, ҳамин ки рў ба рў биёем, аз гиребонаш мегирифтам. Шавҳарам писаронашро ба хона меовард, ман онҳоро дўст медоштам, фарзандонам ҳам. Оҳиста-оҳиста ба ҳамаи ин одат кардам. Хусуру хушдоманамро Суҳайл пеши Сабо ба хонаҳои наваш бурд. Ростӣ, аз хушдоманам сахт хафа шудам, ки маро дар деҳа бадном кард, гўё ман онҳоро аз хонаашон ронда бошам. Бохчонам бошад, боғурур худро соҳиби хусуру хушдоманаш мегирифт…
Бурди ман дар зиндагӣ
Ман худамро ба тарбияи фарзандонам бахшидам, чор духтарам бо дониши худ ба донишгоҳ дохил шуданд. Калониҳо муаллима, ду хурдӣ табибанд, писарам низ дар Донишгоҳи тиббӣ мехонад. Албатта барои қисмати барбодам дилам месўзад, вале боз шукр мекунам, ки фарзандони хуб дорам. Хушдоманам касал шуду ҳевари калониям ўро ба хонааш овард ва ҳамон ҷо аз олам гузашт. Рӯзи ҷаноза бохчонам аз боло гузашта мегирист, ўро баъди чанд сол дидам, он қадар фарбеҳу безеб буд, ки хаёл мекардӣ модари ман бошад. Хешони хушдоманам ба ман заҳр заданд, ки ўро аз хонааш рондам, ҳамин вақт духтари амаам гуфт:
- Шодия ягон касро аз хонааш нарондааст, Суҳайл мехост волидонаш дар шароити хуб зиндагӣ кунанд, на дар хаскапаҳои аз асри нўздаҳ монда, лутфан гиребонҳои ин содаро сар диҳед. Ана янгаатон, коратон бо вай бошад!
Барои хушдоманам зор-зор мегиристам. Ростӣ, ўро ягон ноҳурматӣ накарда будам, шояд аз он ки бо зани дуввуми писараш дўст буд, шарм дошта, аз хона баромада рафт.
Зиндагӣ дар маҷрои худаш равон буд, мани ба ғамҳо омўхта ҳам дар канори он зистан доштам. Падарам аз олам гузашту аламҳоям тоза шуд, баъдтар хусурам ба сактаи мағз гирифтор гашт.
Қасоси сўзон
Хусури беморам дар хонаи Суҳайл буд, хоҳаршўи калониям барои нигоҳубинаш омада буд, вале дилам тангӣ карду худамро мард гирифта, ба Суҳайл гуфтам:
- Ман тағоямро хабаргирӣ меравам, агар розӣ шавад, ӯро ба хонааш меорам,- Суҳайл розӣ шуд. Се духтарамро оилаҳои беҳтарин келин кардаанд, бо духтари хурдиям як дастархон чизу чора бардошта, ба хонаи бохчонам рафтем, беҳуда зӯр ҳам зӯру хотир ҳам зӯр нагуфтаанд. Аҳволамро худам медонистаму Худо…
Духтаронам бо зани падарашон муносибати хуб доранд, чун моро пешвоз гирифта, ба хона дароварданд, дидам, ки Сабо дар ошхона картошка пўст меканад. Духтарам бо ў салом кард, ман бошам, дари ошхонаро пўшида, ба хонаи бемордор даромадам. Каме бо хусурам истодем, ў аҳволпурсӣ карду гуфт, ки “каме авҳолам беҳ шавад, ба хона меравам”.
Қариб ним соат он ҷо будам. Баъдтар Суҳайл ҳам омада, бо мо нишаст ва вақти гусел яку якбора дари хонаи хобашро кушода гуфт:
- Шодия, ана рахти хоби мо…
Маро барқ зад, оташ гирифтам, сўхтам, тамоми аъзои баданам ба ларза даромад, чӣ гуна ба мошин нишастанамро надонистам. Моро таксӣ то хона расонд, Суҳайл он ҷо монд…
Инак, як ҳафта мешавад, ки гиря мекунам, барои умри рафтаам, зиндагии барбоди дар интизориҳо гузаштаам, барои қадри шикастаам. Худоё, кош дар вақташ ҷудо мешудам, он гоҳ як бор месўхтам, ҳоло бошад, азобамро худам медонам.
Шояд хонандаи азиз гўяд, ки пушаймонӣ суд надорад?! Рост, надорад, аммо дарди диламро навиштаму дилам холӣ шуд.
ШОДИЯ, шаҳри Бохтар
Таснифи Нисо ХОЛИД