Акмал ҳамагӣ чилупанҷ сол дорад ва се сол боз бистарӣ аст, дар ин се сол чӣ азобҳое, ки надид. Ӯ дар дил худашро сокини ҷаҳаннам ном мебарад, зеро ин дунё бо ҳама зебогиҳояш барои ӯ ба дӯзах мубаддал гаштааст.
Дарди қотиле, се сол боз ҷисми акнун мисли пайкари мӯйсафедони садсола пажмурдаву карахташро дар панҷаҳои шахшӯлаш мефишораду мефишорад. Марди бемор ин ҳамаро подоши амалҳои нангинаш ба инсонҳои дигар қабул кардааст, аммо инро дар дил мегӯяд ва ҳеҷ гоҳ ошкор намекунад…
Ҷомаи ҳасад
Модари Акмал бо ду писар бева мемонад, хешу таборони шавҳараш ба хотири ду писараш дар як пораяки замини санглохи кӯҳистон барояш хона месозанд. Зан ба нею нестони пайвандони шавҳараш нигоҳ накарда, дар ошхонаи мактаб ошпаз мешавад ва зиндагияшро идома медиҳад, то он вақте, ки мудири маорифи ноҳия ба мактаб барои тафтиш омада, ӯро мебинад ва ба вай дил медиҳад. Нисормоҳи резапайкари сафедандом, дили мудирро, ки зану чор кӯдак дошт, мебарад ва байни онҳо омаду рафт сурат мегирад. Дар натиҷаи ин вохӯриҳо ҷавонзан ҳомиладор мешавад, он вақтҳо барои мудири маориф гирифтани зани дуввум, баробари истеъфо аз мансаб буд ва Меҳдӣ Сафар аз зани аввалаш ҷудо шуда, ба Нисормоҳ мерасад. Хабари ҳаромӣ ҳомиладор шудани янгаашон мисли зарбаи табар ба сари пайвандони шавҳари ҷавонмарги Нисормоҳ мерасад ва ӯро зада-зада, аз хона ронда, фарзандҳояшро мегиранд. Акмал баъди се моҳи издивоҷи волидонаш ба дунё меояд ва аз хурдӣ тамғаи ҳаромиро ба пешонияш мезананд. Даврони кӯдакӣ инро намефаҳмид, вале оҳиста-оҳиста ба маънии калимаи «ҳаромӣ» сарфаҳм рафта, оламу одамро бад медид. Ӯ ҳатто фарзандони падарашро дӯст намедошт, ба падару модараш нафрат дошт, ки ӯро бо ин тамға ба дунё оварданд. Тамоми хислатҳои бади инсониро дар Акмал дидан мумкин буд, ки аз ҳама бадаш ҳасад буд, ӯ куҷое мерафт ҷомаи ҳасадаш дар бараш буд. Ба ҳама бахилӣ мекард, дар мактабу донишгоҳ, баъдтар дар ҷойи кор…
Бебарор
Акмал кӯшиш мекард, ки дар ҳама ҷо номаш вирди забонҳо бошад, аммо намешуд, охир шӯҳрату номдориро Худованд бароят муяссар нагардонад, бо зӯриву зорӣ намешавад. Ӯ ҳамеша патаку пайтоваи сардорон буд, агар лозим шавад, туфлияшонро бо забонаш мелесид, аммо дӯсташ намедоштанд. Хабаркашӣ кори асосии ӯ буд, тамоми гапу кори корхонаро ба сардор хабар мекашид, аммо сардорон гапашро гӯш мекарданду аз бало ҳазар гӯён, ӯро аз худ дур меронданд. Чун навбати зангирияш расид, касе ба ӯ духтар намедод, зеро мардуми деҳа медонистанд, ки ӯ беникоҳ дар қади модараш задааст. Ҳарчанд падараш кайҳо аз дунё гузаштаву модараш худашро сӯфии соф мегирифт, аммо ин ҳодиса аз ёди мардум нарафта буд. Оқибат пирдухтареро ба занӣ гирифт ва ӯро ҳамроҳи худ ба пойтахт овард. Ӯ кушиш мекард, ки аз ҳамсари камҳуснаки нолоиқаш «ситораи синамо» созад ва ба мардуми деҳа исбот кунад, ки дар бари ӯ «пишаки ошолуд» низ ба соҳибҷамоли афсонаҳо табдил меёбад. Аммо ин кори номумкин аст, бенамуд, ҳатто баъди даҳ ҷарроҳии пластикӣ ҳам бенамуд боқӣ мемонад. Он чизеро, ки наққоши азал тасвир кардааст, бандаи ӯ метавонад дигар кунад?! Баръакс, аҳли деҳа ба қошҳои сунъӣ, мижаҳои ориятӣ ва сари зарди пирдухтари собиқ назар карда, ба зӯр аз ханда худдорӣ мекарданд. Бечора Сабрина ба масхарабози сирк монанд шуда буд, аммо аз тарси шавҳари ҷоҳилаш чизе ӯ мегуфт, мекард
Акмал дид, ки аз зани «қоқи сиёҳаш» ситораи синамо сохта наметавонад, мисли саги дайду пушти занон ва духтарони зебо то монда шудан медавид ва ана ҳамин давиданҳо ӯро сокини ҷаҳаннам кард…
Тӯҳматчӣ
Акмал, ки марди паканаи таппакрӯйи безебе буд, ягон зан ба ӯ назари илтифот намекард. Марди худшефта оқибат ба роҳи дигар рафт, ӯ занони аз худаш чандин сол калони шавҳардор, занҳои мансабдору машҳур ва ҷавонзанҳои зебоеро, ки назарашон ӯро намегирифт, тӯҳмат мезад. Ҳама ҷо таъриф карда мегашт, ки бо фалон зан мегардаду зани беҳмадонӣ марди машҳур ошиқу шайдои ӯст. Ин палид фикр намекард, ки тӯҳмат амали бадест назди Худованд ва подоши баде дорад. Назди духтаракони ҷавон бошад, худро гоҳ тоҷир мегирифту гоҳ соҳиби мағозаҳои бузург, ҳарчанд бо маош рӯзи худашу чор фарзандашро ба зӯр пеш мебурд. Ҳатто духтаракони бадгард ҳам бо «давлату дороияш» ӯро писанд намекарданд, касе намедонист, ки ин амали таппакрӯй то кай давом мекунад ва Худованд лаҷоми ӯро кашид…
Духтараки ҷавоне ба идораашон ба кор омаду Акмал мисли пашшае, ки ба асал мечаспад, ба Ситора часпид. Ситора духтараки қоматбаланди зебое буду номзади як варзишгар, аммо Акмал назди ӯ ҳам худро бою бадавлат нишон дода, дилашро ба даст овардан мехост. Як бегоҳӣ духтар аз поғундаҳо поин мешуд, ки Акмал дар бараш пайдо шуд, ӯ костюми арзонбаҳои хитоӣ ва гарданбандашро дар гардани кӯтоҳаш таранг баста, аз паҳлӯи духтар гап-дода гап дода, то назди мошини шалақаш рафт. Акмал мошинро бо сад қарзу қавола харида буду ӯро аз модараш зиёдтар дӯст медошт, ӯ дари мошинро во карда, Ситораро ба нишастан таклиф намуд. Духтарак ҷавоби аҳмақ сукут гӯён, хомӯш буд, вале Акмал дасти ӯро дошта, сӯйи мошин кашид, чанд роҳгузар ин манзараро диданд. Ҳамин вақт аз мошини қиматбаҳои сиёҳшиша ҷавони ҳузарбе поин шуда, аввал ду се шаппотӣ ба рӯйи рафидааш заду сипас лагади сахте ба миёнаш. Ин Фарҳод номзади Ситора буд…
Зарбаи қисмат
Акмал ба зӯр худашро кашола карда, ба мошинаш расонд, аммо эҳсос мекард, ки пойҳояш кор намекунанд. Ӯ ба писари акааш занг зад то ӯро омада, то хона барад ва ҳамин хел дигар аз бистар нахест, ӯ зарби миёнашро ба духтурон гуфт, ки аз поғундаҳо афтодам. Ӯ шарм медошт, ки ҳақиқатро ба мардум гӯяд, худхоҳияш ба ин иҷозат намедод. Аммо касе бовар накард…
Инак, се сол боз Акмал дар хона зиндон аст, дар ин миён занаш аз сактаи қалб оламро падруд гуфт, акнун риштаи қисмати ӯ дар дасти духтараш буд, ки дар як мактаб омӯзгор шуда, падари бемор ва се додари ноболиғашро мехӯронад. Аз фарти асабоният дар бадани ӯ захмҳое баромаданд, ки шабу рӯз мехориданд ва зиндагии ӯро дар дӯзах сахттар мекарданд. Бечора Наврӯзмоҳ, ба бисту шаш қадам мемонд, харидоре надошт, пеши назараш пир шудани духтарашу бесаробон мондани писаронаш ҷигари Акмалро хун мекард. Ҳар рӯз аз Худо барои худ марг мехост, аммо Худованди таоло ҳам ин палидакро фаромӯш карда буд.
Марди бемор аз тирезаи кушодаи хонаи хобаш ба берун нигарист, офтоб майли нишастан дошт. Ӯ ғуруби умри худро дар ин манзара дида, гирист, пасту беовоз болишти чиркинро ба оғӯш гириста, талх гирист….