Sebiston new 2024 october
ДУЗДИ ДАР НАМОЗИ ҶУМЪА
1687

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Азим Абдураҳмонов, сокини 24-солаи шаҳри Бохтар хабар дод, ки дар ҳолатҳои дуздӣ дар масоҷиди ҷомеи вилояти Суғд айбдор мешавад.
Тибқи иттилои ВУД, Азим Абдураҳмонов, ки муваққатан барои кору зиндагӣ ба Суғд рафтааст, вақти намози ҷумъа аз кисаи намозгузорон телефону маблағ медуздидааст.

ВУД тавзеҳ додааст, ки айбдоршаванда замоне даст ба дуздӣ мезадаст, ки намозгузорон болопӯшҳояшонро дар овезаҳои таҳоратхона мегузоштаанд.
Муттаҳам тайи як ҳафта - аз ҷумъа то ҷумъа ду бор дар масҷиди ҷомеи ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва як бор дар масҷиди марказии Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд дуздӣ карда, дар маҷмуъ беш аз 2500 доллари амрикоӣ ва телефонро гирифтааст, - гузориш дод ВУД.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД