Sebiston new 2024 october
Дузди бераҳм Қисми 1
10.09.2022
Нисо
1983

 

Салом ба аҳли қалам ва кормандони ҳафтавори дӯстдоштаам «Оила». Мо оилавӣ ҳаводори ҳафтавори шумо ҳастем. Ҳар ҳафта нашр шудани онро бесаброна мунтазир мешавем, дар ҳар саҳифа барои мо ҷавонон дарси ибрату сабақи зиндагие ҳаст.

Ин ҷо мехоҳам қиссаеро аз зиндагии хонаводагиямон нақл кунам, шояд он ба шахсони «чапдаст» дарси ибрат мегардад. Дар урфият мегӯянд, ки дуздиву ғарӣ пушти саргини хар, оё саргини хар қудрати пинҳон намудани ин фисқу фуҷурро дорад, албатта не! Чӣ гунае, ки янгаи ман шарманда шуд…

                                  Ҷигар

Мо дар оилаамон чор духтару се писар ҳастем, ману додарам хеле хурд будем, ки падарам оламро падруд гуфту модарам бо меҳнати ҳалоли боғдориву чорвопарварӣ моро ба воя расонид. Бародарони калониям ба модарам ёрӣ мерасониданд, ҳарчанд мактабхон буданд. Ҳамин тавр акаҳоям ба воя расиданду ба поидани мол ва фурӯхтани гушт шурӯъ намуданд. Бародари дуюмгиям хеле ҷавони серғайрату пулёб буд, дар як муддати кӯтоҳ мо ба зиндагии шоиста расидем. Се апаамро ба шавҳар додем, азбаски апаҳоям, низ духтарони ҳунарманду меҳнатӣ буданд, онҳоро хешу таборон келин намуданд. Бародари калониямро низ бо як духтари ҳамдеҳаамон хонадор кардем, чун навбати бародари дуюмам расид, тағоям, ки даврони ятимиямон бо модарам умуман гап намезад, худро ба мо часпонида коре кард, ки набераашро барои акаам келин кунем. Шаҳло духтари миёнақади абрӯсиёҳ, сатрпӯшу Қуръонхон, аз рӯйи гуфти бобою модараш панҷ вақт намозашро тарк намекард. Падараш Ҳоҷӣ буду зиндагии хубе доштанд, модарам ҳам сари гапу поёни гап, ҷигар- ҷигару дигар –дигар гӯён, матал мезаду фикр намекард, ки ин ба янгаи калониям сахт мерасад. Янгаи калониям, аз оилаи камбағал буду модараш хеле ҷавон оламро падруд гуфта буд, ӯ бисёр зебо, қобил ва сархаму хизматӣ буд. Ҳамин тавр «ҷигар»-и модарамро келин карда, ба хона овардем ва фаҳмидем, ки он қадар ҷигар ҳам набудааст…

                                 Дуздак

Аз рӯзи аввали омаданаш ин якваҷабақади ғилдирак, маро чашми дидан надошт. Ба додарам низ муносибаташ хуб набуд, сояи янгаамро аз девор метарошид. Аммо модарам ҳамеша пуштибонаш буду моро сарзаниш мекард, ки ба ӯ чаққа нашавем. Ӯ ҳамин ки бародаронамро дид, қобил мешуду давдавон ба кору бор оғоз мекард, дид, ки касе нест, хонааш даромада, дарашро пӯшида хоб мерафт. Ман низ мактабро хатм намудаму хостгорон пушти дарамон қатор шуданд, акаҳоям хостгорони як оиларо аз деҳаи ҳамсоя пазируфта, моро фотеҳа карданд. Домодшаванда нав донишгоҳро хатм намуда, дар беморхонаи маркази ноҳия духтур будааст. Бародаронам, ки маро дигар хел дӯст медоштанд, бароям он қадар чиҳоз хариданд, ки ногуфтанӣ. Тилловориву брилиантам низ хариданд, тӯй ҳам фаро расиду маро ба хонаи домод бурданд. Дар хонаи домод баъди рафтани меҳмонҳо дидам, ки дар сандуқҳоям ҳеҷ чиз нест. На либоси тагпӯшу на тилловорию на табақу косаву на ҳеҷ чиз…

Мо намедонистем, киро дузд гӯем, зор-зор мегиристам, акаҳоям боз кам-кам аз ҳар чиз харида овардандам, аммо ҷиҳози қимматбаҳое, ки модараму апаҳоям бароям ҷамъ карда буданд, дигар буд. Мегиристаму дуздро дуои бад мекардам, аз чанд кас гумони бад мекардам, танҳо баъди шаш моҳ ҷӯробҳоямро дар пойи янгаам дида фаҳмидам, ки дузд кист…

Як рӯз дар хонаи модарам будам, янгаам бо модарам ба хонаи онҳо ба туе рафта буданд, ман апаи калониямро фарёд кардаму сандуқҳои янгаамро аз назар гузаронида, тамоми ҷиҳозамонро пайдо намудем, аммо…

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД