arzon replenishment
Дузанагии падарам маро фоҳиша кард
5857

Имрӯзҳо дар кӯчаҳо шумораи духтарҳои беҷогард бисёр шудааст.

Ҳама ба ин тоифаи бонувон бо чашми нафрат менигаранд, вале касе намепурсад, ки духтарҳои ҷавонро чӣ ё кӣ ба кӯйи бадномӣ мебарад. Боре бо ҳукми тасодуф банда бо яке аз чунин “шапарак”-ҳо, ки Сарвиноз ном доштааст, во хӯрдам ва ҳисси кунҷковиам боло гирифту сабаби даст ба дасти мардон гаштанашро аз ин ҷавондухтар пурсон шудам. “Эҳ хоҳарҷон, беҳтараш напурс, маро номардии падари дузанаам фоҳиша кард”,- гуфт Сарвиноз ва оҳи сард кашид. Гуфтам, ки агар розӣ шавад, саргузашташро дар газета менависам, то ба дигарон дарси иборат шавад. Сарвиноз лаҳзае андеша намуда, сипас бо аломати ризо сар ҷумбонд ва қиссаи зиндагиашро аз оғоз нақл кард. Инак, саргузашти ин духтари роҳгумзадаро бе каму кост бароятон қисса мекунам.

Камбағалӣ айб не, гуноҳ аст!
Модарам аз айёми кӯдакиаш ранҷу азоби фақириро кашида буд ва ҳамеша мегуфт, ки аз таваллуд шудан дар оилаи қашшоқ дида, аслан ба дунё наомадан беҳтар аст. Ин гапи модарам ҷон дошт, бечора аз рӯзи ба дунё омаданаш ягон соат дами хуш назадаю зиндагии ширинро надида буд. Бобоям, падари модарам хеле барвақт аз олам мегузаранд ва бибии бесаводам роҳи ягонаи ба пеш кашидани аробаи зиндагиро дар ба шаҳр коркунӣ фиристодани фарзанди нахустинаш, ки аллакай духтари қадрас шуда буд, мебинад.

Пешхизмати соҳибҷамол
Модарам гапи бибиамро ба замин намонда ба шаҳр меояд ва дар як тарабхона пешхизмат мешавад. Моҳҳои аввал кораш хуб буда, қадри имкон ба модару додараконаш маблағ мефиристад, вале баъд ҳодисае рӯй медиҳад, ки натанҳо ҳаёти модарам, балки ҳаёти маро ҳам сӯхт. Шаби соли нав як гуруҳ мардони сарватманд ба тарабхона барои дилхушӣ намудан меоянд. Яке аз онҳо ҳусну ҷамоли модарамро дида ошиқи шайдо мешавад ва мепурсад:
-Чаро бо чунин чеҳраи мисли гул зебо пешхизмат шудӣ?
Модарам оҳи сард кашида ҷавоб медиҳад:
-Дунё аз азал чунин аст, яке пулдору дигаре фақир ва камбағал ҳамеша маҷбур аст, ки барои қути лоямуте пайдо кардан хизмати бойҳоро карда гардад.
Ҷавоби оқилонаи модарам ошиқи сарватмандашро ошиқтар месозад ва аз дасташ маҳкам дошта мегӯяд:
-Зани дуюми ман шав, аз сарат тангаю тилло мерезам!
Модарам ин суханҳоро ҳазёни мастона шумурда аз назди онҳо дур мешавад, вале мард дигар даст аз домони вай накашида рӯзҳои дуюму сеюму чорум низ меояд ва билохира модарамро розӣ мекунонад.

Чормағзи пуч
Марди сарватманд ба модарам ваъда медиҳад, ки натанҳо худаш, балки аҳли оилаашонро низ таъмин месозад. Модари беақли ман ба хотири додару хоҳаронаш розӣ мешавад, ки зани дуюми ин марди сарватманд бошад. Бойи айёр, ки дар фирефтани занҳо устухон надоштааст, модарамро аҳмақ карда мегӯяд:
-Ҳозир ман ба хонаатон хостгор фиристам, шояд модарат мардаки зандор будааст гуфта рад кунад. Рафтем, аввал никоҳ мекунему баъд ба хонаатон рафта мегӯем, ки мо аллакай зану шавҳар шудем.


Писари калониям фарзандонашро партофта ба Русия мардикорӣ рафт. Солҳои аввал занг мезад ва кам-кам пул мефиристод, баъд якбора бедарак шуда монд, дигар аз ӯ на хат буду на хабар.  подробнее тдж: 

 


Модари ҷавони хомкаллаи ман ин шарти домоди пулдорро мепазирад, то оилаашонро аз қашшоқӣ наҷот диҳад, бехабар аз он, ки ба ин мард ба шавҳар баромада, худро бо дасти худ ба оташи дӯзах меандозад.

Исёни зани якум
Ҳамин тавр он марди сарватманд аз зану фарзандонаш пинҳонӣ модарамро ба никоҳи худ медарорад. Пас аз никоҳ модарам чандин маротиба “мардакҷон, биё ба хонаи мо рафта худатро ба модарам шинос кун, то ки ман бадном нашавам” гуфта бошад ҳам, шавҳараш бо ҳар баҳона ин корро ақиб партофта имрӯзу пагоҳ гуфта мегардад. Модари содаи ман ба умеди он, ки ягон рӯз ҳамчун арӯс бо гӯсфанду дастурхонҳои пурбор ҳамроҳи шавҳараш ба хонаи модараш меравад, зиндагиашро давом дода, аз ба шавҳар баромаданаш касеро огоҳ намесозад. Онҳо қариб чор моҳ зиндагии пинҳонӣ мекунанд ва модарам ҳомиладор мешавад. Шавҳараш, яъне падари ман ваъда карда будааст, ки баъди таваллуд кардани модарам барояш хона харида медиҳад, вале дар ин миён зани якумаш аз куҷое зан гирифтани ӯро мефаҳмад ва кофта-кофта суроғаи иҷорахонаро меёбаду дар сари модарам ба қавле “чормағз шикаста” бо ҷангу ҷанҷол ва рӯканию мӯканӣ падари фарзандонашро гирифта мебарад. Модарам бо шиками дамида дар чорсӯи зиндагӣ танҳо монда ба куҷо рафтану аз кӣ мадад ҷустанашро намедонад

Оқшуда

Модарам, ки дигар ҷойи рафтан надошт, бо умед ба дари хонаи модараш меравад ва ҳодисаи ба сараш омадаро бо чашмони гирён нақл карда, имдод мепурсад. Бибиам рӯю мӯйи модарамро канда, фиғон мекашад:
-Касофати худозада, ту маро дар назди хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо шарманда кардӣ! Акнун дар назди мардум чӣ хел сарамро бардошта мегардам?! Дафъ шав аз назарам, ки ҳозир саратро аз танат ҷудо мекунам! Аз ту ҳам безораму аз ҳаромии дар шикамат овардаат ҳам! Ҳисоб кун, ки ту дигар модар надорӣ. Хонаамро дигар ҳаром накун! Оқи ин дунёву охиратат кардам! Зуд аз ин хона дафъ шав...
Ҳамин тавр модарам аз даргоҳи падариаш ронда шуда бо чашми гирён боз ба шаҳр бар мегардад.

Кампири ғамхор
Ҳамон рӯз қариб то шом модарам гирёну нолон дар кӯчаҳои шаҳр гашта, тасодуфан як пиразани меҳрубони русро во мехӯрад. Кампир мусулмон набошад ҳам, саргузашти модарамро шунида дилаш ба ҳоли вай месӯзад ва ӯро ба хонааш мебарад. Ман пас аз ду моҳ дар хонаи ҳамон кампир ба дунё омадаам. Кампирак Зоя ном дошта бисёр зани меҳрубон буд, вале ба тақдири бади мо умри дароз надид. Ман тақрибан чор-панҷсола будам, ки бибии Зоя аз дунё гузашт. Писараш Виктор, ки дар Русия мезист, хабари марги кампирро шунида ба Тоҷикистон омад ва ману модарамро аз дар берун карда, хонаро фурӯхту пулро ба кисааш зада ба назди зану бачаҳояш рафт.

Таънаи ҷонсӯз
Модари бечораам бо азобҳои алим як хобгоҳ ёфта, сари маро аз дар дарун кард. Зиндагиамон бисёр душвор буд, вале ҳаёти қашшоқона дошта бошем ҳам, худамро хушбахт эҳсос менамудам, чунки модарам бисёр зани меҳрубон буд. Солҳо турнасон гузаштанду ман дар ҳамон хобгоҳ 14- сола шудам. Модарам дар чанд ҷой кор карда, кӯшиш менамуд бароям тамоми лавозимоти мактабиро харида диҳад, то ки аз ҳамсинфонам қафо намонам, вале ман чандон майли хондан надоштам. Аниқтараш мактабро дӯст намедоштам. Мактабгурезиам сабаб дошт, мабодо гапамон бо ягон ҳамсинфам гурезад, дарҳол маро “ҳаромии бе падар” гуфта, таъна мезад. Ин таънаю маломатҳо мисли корд ба дилам мехалиданд.

Моҷарои модару духтар
Як рӯзи наҳс боз байни ману модарам барои ба мактаб нарафтанам моҷаро бархост ва мани беақл дар сари қаҳру ғазаб дод зада гуфтам:
-Медонӣ, ки ҳамсинфонам маро чӣ мегӯянд? Ҳаромии бепадар! Оча, агар ту дар вақташ мисли дигарҳо бо обрӯ ба шавҳар мебаромадӣ, имрӯз ман ҳам падар медоштам ва дар байни ҳамсинфонам шармандаю сархам намешудам. Ҷонам аз ин таънаҳо ба лабам расидааст, мефаҳмӣ ё не?! Худамро мекушаму дигар поямро ба остонаи мактаб намемонам!
Модарам гиря карда аз ман бахшиш пурсиду гуфт:
-Бубахш духтарам, ҳарчанд сарамро ба сад дар задам, туро хушбахт карда натавонистам. Сабаби рӯзи сиёҳи ману ту камбағалӣ аст, бачам. Қашшоқӣ маро маҷбур кард, ки зани дуюм шавам. Фаромӯш накун, ки модарат ба ғайр аз зани дуюм шудан дигар ягон гуноҳ накардааст.
Модарам инро гуфта ба дасти ман як бистсомонӣ дод ва хоҳиш кард, ки рафта аз мағоза нону ҳасиб харида биёрам.

Даҳшат
Вақте ки аз мағоза баргаштам, дари хонаамон кушода буд. Модарамро садо кардам, вале ҷавоб надод. Дар хонаи хоб ва ошхона ӯро наёфта ба ҳаммом сар халондам ва якбора дар ҷоям шах шуда мондам. Ҷисми модарам дар ванна, дар расан овезон буд. Фиғони талхе кашида ба хонаи ҳамсоя давидам. Дар як дам ҳамсояҳо ҷамъ шуда ҳалқаро аз гардани модарам буриданду ӯро ба хона дароварданд, вале дер шуда буд. Модари аз азал рӯзи хушро надидаи ман ҷони ҷафокашидаашро кайҳо ба ҷонофарин супурда буд.

Гуноҳатро намебахшам, падар!
Пас аз он, ки модарамро ба хок супурданд, фаҳмидам, ки дар ин дунё ман дигар ягон соҳиб надорам. Яке аз ҳамсояҳоямон аз яккаю танҳо ва бе соҳиб буданам истифода бурда, маро ба ҳамин роҳи бад бурд. Аслан дар бадномзада шудани ман падарам гунаҳкор аст, агар вай модари ҷавону дар зиндагӣ хоми маро бо роҳи фиреб зани дуюм карда намегирифт, агар баъди гирифтан мардона даҳони занашро мебаст, агар баъди ҷудо шуданашон ақаллан фарзандашро суроғ мекард, ман бе соҳиб монда, оқибат бозичаи дасти мардони пулмаст намегаштам. Падар, танҳо падарам дар тамоми фоҷиаҳои ба сари ману модарам омада гунаҳкор асту халос! Мурам ҳам гуноҳи ӯро намебахшам. Дар он дунё ҳатман аз гиребонат мегирам, падар!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД