Sebiston new 2024 october
Душанбе: Зан мардро корд зад!
4615


Маъмулан намояндагони ҷинси латиф бештар ба хушунату зӯроварӣ гирифтор шуда, аз мардон дашному ҳақорат мешунаванд ва мушту лагад мехӯранд, вале аҳён-аҳён занҳои “говҷигар”-е низ ёфт мешаванд, ки алови чашми мардонро гирифта метавонанд. Яке аз чунин занҳои муштзӯр як марди баркамоли 41-соларо дар пойтахт корд задааст.
Тавре ки Вазорати умури дохилӣ хабар медиҳад, як сокини 41-солаи шаҳри Душанбе ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино муроҷиат намуда, аз рӯйи ҷавонзани 22-солае шикоят бурдааст.
Тибқи гуфтаҳои мард шаби 11-сентябр, тахминан соатҳои 03.00 ин ҷавонзани 22-сола дар манзили истиқоматиаш бо корд ба ӯ ҳамла намуда, дасти чапашро захмӣ кардааст. Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷабрдида ҷароҳати сабук бардоштааст, вале...
Аз арзи ҷабрдида чунин бармеояд, ки ҳодиса соатҳои сеи шаб рӯй додааст ва зане, ки мардро захмӣ намудааст, ҳамсар ё хоҳараш нест. Саволе ба миён меояд, ки дар соати сеи шаб зани бегона дар хонаи ин мард, ки шояд натанҳо зану фарзанд, балки набера ҳам дошта бошад, чӣ кор мекард?!
Яқинан инсон ҳеҷ гоҳ бе сабаб ба сари каси дигар корд намекашад. Байни онҳо чӣ моҷарое ба миён омад, ки зан бо корд ба мард ҳамла карда, дасти ӯро захмӣ намуд?
Пай бурдан ба посухи ин саволҳо чандон душвор нест, тавре ки дар урфият мегӯянд: Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД