goodwell
Душанбе боз майдони рақобати самбочиёни ҷаҳон мешавад
17.09.2026
Oila.tj
117

Рӯзҳои 19-20-уми сентябр Душанбе бори дуюм пайиҳам мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад.Дар пойтахти Тоҷикистон беҳтарин самбочиёни ҷаҳон барои медалҳо дар се самт - самбои варзишӣ, самбои размӣ ва самбо барои нобиноён (SVI1) рақобат мекунанд.

Ҷоми ҷаҳон соли гузашта низ дар Душанбе баргузор шуда, дар он варзишгарон аз Тоҷикистон ва кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Беларус, Булғория ва Маҷористон ширкат доштанд. Мусобиқаи соли гузашта дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Муваффақияти баргузории он сабаб шуд, ки Душанбе имсол низ ба рӯйхати мизбонони ин мусобиқаи муҳими байналмилалӣ ворид шавад.

Ҳамин тавр, рӯзҳои 19-20-уми сентябр пойтахти Тоҷикистон ба яке аз марказҳои муҳими самбои ҷаҳонӣ табдил ёфта, таваҷҷуҳи дӯстдорони ин навъи варзишро ба худ ҷалб хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД