Дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе бори аввал Чемпионати Осиёи Ғарбӣ байни кӯдакон ва наврасон оид ба шоҳмот баргузор мешавад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, ин як чорабинии муҳими варзишӣ аст, ки аз 20 то 29-уми апрел гузаронида шуда, беҳтарин шоҳмотбозони ҷавонро аз минтақа ҷамъ меорад.
Зиёда аз 400 нафар аз 13 кишвар, аз ҷумла Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва дигар кишварҳо ба Душанбе меоянд. Онҳо барои гирифтани ҷоизаҳо ва нишон додани маҳорати худ рақобат мекунанд.
Чемпионатро FIDE, Федератсияи шоҳмоти Осиё ва Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон ташкил кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа дар Кохи Олимпӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.