Афсонаи бокси ҷаҳон Майк Тайсон ба Душанбе меояд
Муштзани маъруфи амрикоӣ Майк Тайсон рӯзи 5-уми ноябр ба шаҳри Душанбе меояд. Ӯ меҳмони махсуси чорабинии «Шоми пирӯзиҳои бузург» хоҳад буд.
Дар ин бора ширкати «TAS International Group», ки ташкилкунандаи чорабинӣ аст, дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, чорабинӣ дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии Душанбе баргузор шуда, барномаи консертӣ ва ҷамъбасти озмуни бурди автомобилҳоро низ дар бар мегирад.
Майк Тайсон аз муштзанҳои маъруф ва шинохтаи таърихи бокси касбӣ буда, дар Тоҷикистон низ мухлисони зиёде дорад. Ӯ бо дастовардҳои варзишӣ ва услуби хоси муҳорибааш дар саросари ҷаҳон шуҳрат пайдо кардааст.