goodwell
ТОЛЕЪНОМАИ 25-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2026
469

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз кӯшиш кунед, ки худро ба ҷойи шахси дӯстдоштаатон гузошта, сабаби норозигӣ ва фикру андешаи ӯро фаҳмед. Ҳангоми суҳбат бо наздикон ва одамони ношинос суханонатонро бодиққат интихоб кунед. Беандеша ваъда надиҳед, зеро ба ваъдаи додаатон бояд вафо кунед. Дар муносибатҳои корӣ имкони пайдо кардани шарикони нав ва ба мувофиқа расидан бо онҳо вуҷуд дорад. Барои рангинтар шудани рӯзгор аз рӯйи дастурҳои нав хӯрок пухтанро низ санҷед.

Савр (20 апрел-20 май)

Рӯзатон орому одӣ мегузарад. Барои оғози корҳои нав шитоб накунед ва ҳангоми муошират бо аҳли оила, махсусан калонсолон, якравӣ нишон надиҳед. Агар ба созиш расидан душвор бошад, баъзан гузашт кардан беҳтар аст. Дар ҷойи кор ҳуҷҷатҳо ва шартномаҳоро бодиққат хонед, то уҳдадориҳои зиёдатиро ба зимма нагиред. Ҳарчанд ҳоло корҳо чандон хуб пеш намераванд, дар ояндаи наздик имкониятҳои хуби молиявӣ пайдо мешаванд. Аз хастагии зиёд ва корҳои хатарнок худдорӣ кунед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Агар дар муносибатҳои ошиқонаатон шавқу ҳаяҷони пешина кам шуда бошад, шитоб накунед, ки аз шахси дӯстдоштаатон дур шавед. Бо пайдо кардани роҳҳои нави муносибат метавонед меҳру муҳаббатро дубора қавӣ гардонед. Муносибатҳои оилавӣ низ беҳтар мешаванд ва ранҷишҳои гузашта фаромӯш мегарданд. Агар дар кор ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шавед, аз ҳамкорони ботаҷриба маслиҳат пурсед. Имрӯз барои ба нақша гирифтани хароҷот ва баргардондани қарзҳо мусоид аст. Қувваи зиёд доред ва метавонед корҳои муҳимро бе шитоб анҷом диҳед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз нерӯятон бештар гашта, муносибат бо шахси дӯстдоштаатон метавонад боз ҳам беҳтар гардад. Эҳтимол, пешниҳоди деринтизореро қабул кунед. Бо вуҷуди ин, кӯшиш кунед, ки эҳсосоти худро идора намоед ва бо рафтору суханони номуносиб атрофиёнро нороҳат насозед. Дар масъалаҳои корӣ суҳбату музокироти зиёд доред ва бояд бо ҳамкорону роҳбарон ба мувофиқа расед. Барои зиёд кардани даромад роҳҳои нав ҷӯед, вале аз пешниҳодҳои шубҳанок дурӣ намоед. Агар муддати зиёд зери фишори равонӣ бошед, бештар истироҳат кунед.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз аз ҷониби шахси дӯстдошта ё наздиконатон сюрпризи гуворо гирифтанатон мумкин аст. Эҳтимол, сухани меҳрубонона ё туҳфаи ғайричашмдошт табъатонро болида созад. Ҳангоми суҳбат бо хешовандони калонсол аз баҳсу мунозира худдорӣ кунед, то муносибатҳо вайрон нашаванд. Дар кор масъалаҳои шахсиро бо муносибатҳои хизматӣ омехта насозед, ин метавонад ба обрӯятон таъсир расонад. Вазифаҳои зиёд ба зиммаатон меафтанд, аммо иҷрои онҳо ба таҷрибаи касбиатон меафзояд. Ба саломатӣ аҳаммият диҳед ва табобати бемориҳои музминро қатъ накунед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Агар танҳо бошед, барои шиносоӣ бо одамони нав омода бошед. Имрӯз корҳои хона метавонанд шуморо аз фикрҳои ташвишовар дур созанд. Аз ғайбат ва суханони бади дигарон эҳтиёт шавед, зеро мумкин аст касе дар ҳаққи шумо овоза паҳн кунад. Эҳтимол, маблағе ба даст оред. Як қисми онро барои эҳтиёҷоти шахсӣ нигоҳ доред ва дар бораи истироҳат низ фикр кунед. Барои ҳифзи саломатӣ аз муоинаи тиббӣ гузаред, ғизои дуруст истеъмол кунед ва ба варзиши сабук машғул шавед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз муносибатҳои шахсӣ таваҷҷуҳи бештар мехоҳанд. Шахси дӯстдоштаатон шояд гумон кунад, ки шумо нисбат ба ӯ сард ҳастед ва танҳо хоҳишҳои худро ба назар мегиред. Кӯшиш кунед, ки меҳру муҳаббататонро бештар нишон диҳед. Аз хона берун бароед, бо дӯстон вақт гузаронед ва даъватҳои онҳоро рад накунед. Дар кор эҳтимол пешниҳодҳои ҷолиб гиред ва музокирот ба натиҷаи хуб расанд. Мушкилиҳои молиявии вақтҳои охир тадриҷан кам мешаванд. Барои пешгирии бемориҳо вазни худро назорат кунед ва сатҳи қанду холестерини хунро сари вақт санҷед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз барои сайругашт ё сафар рӯзи муносиб аст. Шояд фикрҳои зиёд дар бораи зиндагӣ ва эҳсосоти ошиқона диққататонро аз кор дур созанд. Барои онҳое, ки оиладор ҳастанд, хабарҳои хуши молиявӣ эҳтимол доранд: мумкин аст мушкили қарз ё масъалаи манзил ҳал шавад. Дар ҷойи кор роҳбарият метавонад имкониятҳои нави пешрафти касбиро пешниҳод кунад. Барои тағйирот омода бошед, аммо пеш аз қабул кардани қарор ҳама чизро хуб баррасӣ намоед. Аз пешниҳодҳои молиявии шубҳанок эҳтиёт кунед. Шомро бо дӯстони дерина гузаронед ё каме танҳо истироҳат кунед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон аз ҳад зиёд шармгин набошед. Ӯ метавонад аз шумо қадамҳои ҷиддитарро интизор бошад. Боварӣ ба худ, хушмуомилагӣ ва эҳтироми ҳамдигар ба беҳтар шудани муносибатҳо мусоидат мекунанд. Дар масъалаҳои молиявӣ тағйирот эҳтимол дорад, бинобар ин барои хароҷоти ғайричашмдошт каме пул захира кунед. Имрӯз метавонед корҳои таъҷилиро дуруст ба нақша гирифта, ҳатто пеш аз муҳлат анҷом диҳед. Аз харид дар сомонаҳои шубҳанок худдорӣ намоед, зеро хатари фиреб хӯрдан вуҷуд дорад. Ҳамчунин, аз муошират бо одамони асабхаробкунанда дурӣ ҷӯед.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Дар рӯзҳои наздик эҳтимол дар ҷамъомади дӯстона таърифу суханони хуш шунавед. Аммо рафтори аз ҳад ишқбозонаи дӯстдухтаратон метавонад шуморо нороҳат созад. Имрӯз ба асбобҳои барқӣ ва таҷҳизоти обрасонии хона диққат диҳед, зеро вайроншавии онҳо метавонад нақшаҳоятонро тағйир диҳад. Агар роҳбарият бо фикратон розӣ набошад, ҳоло вақти муносиб барои баҳсу исрор нест. Вазифаҳои худро оромона иҷро кунед. Агар вазъи молиявиатон хуб набошад, гирифтани қарзро роҳи ҳал ҳисоб накунед. Барои барқарор кардани неруи худ ғизои солим истеъмол кунед ва ба ҳаракату варзиш бештар вақт ҷудо намоед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Барои нигоҳ доштани рӯҳияи хуб дар муносибатҳои ошиқона сабр ва фаҳмиш нишон диҳед. Ҳатто дер омадани шахси дӯстдоштаатон на ҳамеша маънои беэҳтиромиро дорад. Дар оила эҳтимол нофаҳмиҳо пайдо шаванд, бинобар ин аз ҷанҷол худдорӣ карда, ба суханони наздикон бо таҳаммул муносибат намоед. Имрӯз вазъият метавонад зуд тағйир ёбад ва шуморо водор созад, ки фавран қарор қабул кунед. Бо вуҷуди серкорӣ, ба қобилияти худ бовар дошта бошед. Дар шароити ноустувори иқтисодӣ гирифтани қарзро ба таъхир гузоред. Вазъи саломатиятон метавонад беҳтар шавад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Барои ба даст овардани таваҷҷуҳи шахсе, ки шуморо нодида мегирад, худро аз ҳад зиёд заҳмат надиҳед. Эҳтимол, ӯ ҳамсафари муносиб барои шумо набошад. Қобилияти созиш кардан ва бахшидани хатогиҳои дигарон метавонад ба беҳтар шудани муносибатҳои оилавӣ ва вазъи молиявӣ мусоидат кунад. Имрӯз имконият доред, ки корҳои нотамом ё лоиҳаҳои худро ба анҷом расонида, натиҷаи хуб ба даст оред. Ба хароҷот диққат диҳед ва пулро беҳуда сарф накунед.Конец формы

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД