Ростӣ, сомонаи «Оила»-ро зиёд мехонам. Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки ин навиштаҳо бофтаи хаёли муаллифонанд, ки ба хотири ёфтани пул меофаранд, аммо фикри ман ин тавр нест. Оё зиндагии кунунии мо дар даруни худ ҳазорон чунин қиссаҳоро нуҳуфта надорад? Бале, дорад ва мо ҳар рӯз бо чашмони сар ин гуна қиссаҳоро аз дафтари рӯзгор мехонем.
Ман ба навиштан шавқ дорам ва рӯзноманависӣ мекунам, фақат таззодҳои зиндагии худро менависам дар дафтаре ва имрӯз ба хулосае омадам, ки як пораи зиндагиямро расонаӣ кунам, зеро дар кушодани кӯргиреҳи он оҷизам…
Зани оҳанин
Ҳамсарам даҳ сол пеш аз бемории саратони хун вафот карду маро танҳои зор монда рафт. Ду духтару як писар дорам, ҳангоми фавти падарашон танҳо як духтарам хонадор буд.
Баъди марги падарашон ду фарзанди дигарамро низ хонадор кардам. Писарам ҳамроҳи аҳли оилааш ба Русия кӯч басту мехост маро ҳам ҳамроҳаш барад, аммо ман намехостам ҷое равам. На ҳавсалаи иваз кардани ҷойи корро доштаму на ҷойи зистро.
Ҳамин тавр, ба танҳоӣ одат кардам, дар хонаи калони сеҳуҷрадори барҳаво танҳо зиндагӣ мекунам. Корам хуб аст ва барои хӯрдану пӯшидани худам басанда ҳам ҳаст, гоҳе ба хабаргирии набераҳо меравам, гоҳи дигар онҳо меоянд, модари пирам низ гоҳе меҳмонам мешаваду ба ҳоли ман раҳмаш меояд. Зани безеб нестам ва хушдорҳои зиёде ҳам дорам, аммо ба ҳама мардон айб меёфтам…
Ҳунарманди ҷавоне, ки баъзе духтаракони чордаҳсола тайёранд барои як вохӯрӣ бо ӯ ҷонашонро диҳанд, дар назарам занакмизоҷ тофту дигаре алфонс. Ишқи мансабдори баландпояеро барои он рад кардам, ки сари гапу поёни гап мегуфт, ки “чизе хоҳӣ, бароят мекунам ва дар зиндагиат кумак мерасонам”. Гӯё ман ҷӯгӣ ё ягон ҳоҷатманде будам, ки бо ӯ танҳо ба хотири мансабу пулаш гап мезанам.
Ҳамин тавр, умрам ба ҷое расиду дигар ба мардон ва хоҳишҳои онҳо аз равзанаи мазоҳу масхара менигаристам, вале…
Гардиши қисмат
Дар шабакаи иҷтимоие саҳифа доштаму онҷо баъзе андешаҳоямро менавиштам. Аз хурдӣ орзу доштам, ки журналист шавам ва истеъдод ҳам доштам, аммо падарам маро ба коллеҷҷи тиббӣ дохил карду имрӯз ҳамшираи тиббӣ шуда кормекунам.
Акнун ҳаваси журналистиямро дар саҳифаҳои иҷтимоӣ бо навиштани ҳар гуна маводҳо мешикастаму мухлисони зиёде доштам. Ошиқони маҷозиям аз мӯйи сарам зиёдтар буданд. Азбаски ишқи реалиро қабул надоштам, ба ишқи маҷозӣ умуман бовар намекардам. Онҳоеро, ки ишқи маҷозиро ишқ мегуфтанд, девона мепиндоштам.
Ба ҳама мардоне, ки бароям ҳарфи ошиқона мегуфтанд, ҷавоби дағал медодам, баъзан ҳақораташон ҳам мекардам. Аммо дӯстони хуби маҷозиямро эҳтиром мекардам, хоҳ зан бошад, хоҳ мард. Гоҳ-гоҳе ҳамроҳашон сӯҳбат мекардам, дархости дӯстии мардони ношиносро лағв мекардам.
ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:
Боре дархости дӯстии як ҷавонмардро, ки номи зебои шоирона дошт, қабул кардам ва ӯ гоҳ-гоҳе ба қавле «гап медод». Ба ӯ низ хеле дағал ҷавоб медодам, аммо…
Як рӯз суратамро бо либосҳои миллӣ дар саҳифаам мондаму ӯ навишт «шуморо чашм мекунанд». Баъдҳо ҳамин ки сурат монам, ҳамин гапашро такрор мекард, боре ҷавобаш додам, ки “ту ғайри ҳамин гап дигар гап надорӣ?!”. Ӯ ин дафъа навишт, ки “майлаш, монед чашматон кунанд”. Ин шӯхияш ба ман писанд афтоду смайлики ханда фиристодам ва ба ӯ Худо дод.
Дили раҳмгин
Дигар ӯ дуру дароз аз ишқ мегуфту ба ман ошиқ буданашро такрор мекард, ман дағалӣ мекардам, ҷавоб намедодам. Ҳатто ба ӯ мегуфтам, ки ман пиру безебу сиёҳу фарбеҳ ҳастам, дидам, ки намешавад, хостам аз рӯйхати дӯстонам берунаш кунам ва ба ӯ гуфтам, ки “ту зан дорию чӣ хел ба зани дигар дил мебандӣ?!”
Ӯ навишт, ки “занам бемори сахт асту ҳамеша аз ин сабаб зиқу афсурдаҳол мегардам”, ман ки чӣ будани бемордориро медонистам, аз рӯйи раҳм бо ӯ муносибатамро тамоман дигар хел кардам ва оҳиста-оҳиста ба ӯ меҳр мондаму дил бохтам.
Ҳамеша тасаллояш медодаму мегуфтам, ки Худо хоҳад, занаш шифо хоҳад ёфт. Ман ҷавонмардони оддии дорои дили бузургро меписандидам ва ӯ дар назарам ҳамин гуна шахс метофт.
Ман ҳам зан ҳастам ва пештар борҳо дар дил ба худам мегуфтам, ки марде дар роҳи ҳаётам барояд оддиву марду орӣ аз хислатҳои бад, шояд бо ӯ муносибат кунам. Акнун даврони ошиқшавию гаронии дил кандан аз танҳоӣ ҳамин гуна мард пайдо шуд, вале…
Як айби калони ин ҷавонмард ба андешаи ман дар он буд, ки ӯ аз ман 15 сол хурд буд! Аммо синну сол барои вай гӯё садде дар байни марду зан набудааст. Ман ба ӯ гуфтам, ки ба ман мардони ҳақоратчӣ, майхора, носкаш, сигоркаш ва дурӯғгӯ маъқул нестанд ва ӯ гуфт, ки ин гуна одатҳоро надорад.
Ман хурсанд шудам, ки дар замони мо ҳам ҳамин гуна мардон будаанд. Дигар бе ӯ ҳаётам маънӣ надошт, зангҳояшро интизор мешудаму мехостам ҳамроҳаш доимо дар сӯҳбат бошам. Акнун ӯ хеле дигар шуда буд, ба худаш иҷозат медод, ки маро ба мазоҳу масхара кашад, занг назанад…
Хулоса, мо ошно шудем ва ман ӯро ҳам ба манзилам ва ҳам ба хонаи дилам роҳ додам.
Дурӯғҳои «шохдор»-и ошиқ
Ростӣ, ӯ ҷавонмарди қоматбаланди дилкаш ва хеле меҳрубону хушсухан буд, то он даме фаҳмид, ки ман ба ӯ сахт одат кардаам. Дар як сӯҳбатамон гуфт, ки занаш бемор нест, баъдҳо маълум шуд, ки нос ҳам мекашаду сигор ҳам. Бо шароб ҷӯра буданаш аз ҳар омаданаш маълум мешавад…
Ҳамин чанд рӯз пеш гуфт, ки ҳангоми дар як ноҳия чордаҳ сол кор каданаш он ҷо зани дуюм дошту ин зан ӯро мехӯронд, мепӯшонд ва нигоҳубин мекард. Ман дар ин як соли бо ҳам муносибат доштанамон ягон бор дар хислатҳои вай алфонсиро эҳсос накардаам, аммо акнун дудила шудаам. Шояд ӯ бисёр гапҳои дигарашро ба ман нагуфтааст?
Шояд шумо хонандагони азиз маро ба зери тозёнаи танқид мегиред, пирию хартозӣ гуфта, нафринам мехонед, ихтиёр доред. Агар муносибатҳои мо иштибоҳи ман бошанд, онро ислоҳ мекунам ва барои ин ақлу фаросату иродаам мерасад.
Ин қиссаро фақат барои он рӯйи коғаз овардаам, ки шояд нафаре аз шумо бо ин гуна воқеа рӯ ба ӯ шудаеду маслиҳате медиҳед.
Гулчин, шаҳри Хуҷанд