Formula novemver 2024
Дуои бади падар писарро кушт
1951


Салом ҳамватанони муҳтарам.Замоне ман сарвату давлат доштам. Сармасти пулу мансаб одамонро ба ду гуруҳ ҷудо мекардам.

Ҳеҷ ба гӯшаи хаёлам намеовардам, ки рӯзе ин ҳама сарват ба анҷом мерасад. Писари калониам духтареро аз хонаводаи нодор дӯст дошт, ман бошам, садои дилашро гӯш накарда, маҷбуран ӯро бо духтари як шиноси сарватмандам хонадор кардам.Аз рӯзи аввал келини эркаам ману ҳамсарамро тамоман писанд намекард.Писарам қаҳр карда, аз хона баромада рафт. Келинам ҳам баромада, ба хонаи падараш рафт Писарам бо ҳамон духтари дӯстдоштааш хонадор шуда, соҳиби писарча шуданд. Рӯзе бо зану фарзандаш ба хона омада, бахшиш пурсид, вале мани бадбахт ҳамон бегоҳӣ аз дами дарвоза писару келину набераамро дуои бад карда пеш кардам.

Он бегоҳӣ писарам бо дили озурда савори мошини шахсиаш ба ҷарӣ сарозер мераваду ҳамроҳи ҳамсари ҷавонаш ҳарду ҷавонмарг мешаванд.
Набераамро падару модари келини дуввумам ба мо намедиҳанд. Мани сӯхтадил ба ҳамаи падарон муроҷиат карда гуфтаниам, ки ҳаргиз фарзандонатонро дуои бад накунед.
Таҳияи Шаҳло

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД