Formula september
Духтарони тоҷик ҳам гӯштингирӣ мекунанд
481

Рӯзҳои 30-31-уми августи соли равон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ - гӯштингирӣ баргузор мегардад.

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ зиёда аз 200 варзишгар аз 60 давлати ҷаҳон иштирок хоҳанд кард. Паҳлавонон дар 9 вазн - 3 вазн байни занон ва 6 вазн байни мардон байни ҳам рақобат мекунанд.

Фонди ҷоизавии чемпионат 400 ҳазор доллари ИМА буда, дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибон 20 000 доллар, барандагони медали нуқра - 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллари ИМА тақдим мешавад.

Дастаҳое, ки аз ҳисоби медалҳо се ҷои аввалро мегиранд, мутаносибан бо 5000, 3000 ва 2000 доллари ИМА сарфароз гардонида мешаванд.

Тоҷикистонро дар аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ - гӯштингирӣ 18 нафар - дар ҳар вазн дунафарӣ намояндагӣ мекунанд. Шаҳбоз Саидаброров, Муллораҷаб Халифаев дар вазни 65 кг, Аҳмад Масъуд, Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни 71 кг, Раҳматуллобек Фарҳодов, Қоим Шукронов дар вазни 78 кг, Умар Расулов, Ҳақназар Назаров дар вазни 86 кг, Улуғбек Раҳимов, Кароматулло Ҳакимов дар вазни 95 кг, Шариф Назриев, Шакармамад Мирмамадов дар вазни +95 кг байни мардҳо ва Мадина Қурбонзода, Рӯзигули Ҳасан дар вазни 52 кг, Ҷонона Назарова, Шоҳида Қаландарова дар вазни 70 кг, Мавлуда Одинаева ва Сабрина Холова дар вазни +70 кг дар байни занҳо дар ин мусобиқа қувваозмоӣ менамоянд. Дар ин бора “Ховар” хабар додааст.

Ёдрас мешавем, ки гӯштини миллии тоҷикӣ бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифт, ки ин ба рушди минбаъдаи ин намуди варзиши миллӣ дар мамлакат мусоидат менамояд. Гӯштини миллӣ яке аз навъҳои маъмули бозиҳои миллӣ дониста шуда, имрӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардидааст. Ҳамасола дар доираи баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз ин мусобиқа дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки варзишгарон ва дӯстдорон дар сатҳи баланд баргузор мешавад.

Мақсад аз баргузории мусобиқа ташвиқу тарғиби гӯштини миллӣ дар арсаи ҷаҳон, таъмини оммавияти варзиш дар мамлакат, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни варзишгарони давлатҳо, ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш, ҳавасмандгардонии онҳо ва муаррифии паҳлавонон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД