arzon replenishment
ДУХТАРҲОИ ТОҶИК БО КӮМАКИ ИНТЕРНЕТ БАХТАШОНРО МЕЁБАНД!
13.04.2021
ОИЛА
3056

 

НИКОҲ БО SKYPE

Шояд баъзеҳо бигӯянд, ки зиндагӣ бе технология (фанноварӣ)-ҳои нав беҳтар буд, инсонҳо самимитар буданд, аммо дар зиндагии Райҳонаи 21-сола, Skype нақши муҳимро бозид. Райҳона маросими никоҳашро бо Ниёз, ки дар Олмон кор мекунад, тариқи Skype анҷом дод. Домод имкони ба Тоҷикистон омадан надошт, аҳли хонаводаи Райҳона бошанд, намехостанд ӯро бидуни никоҳ ба хориҷа фиристанд. Дар оғоз қарор буд, ки тӯйро дар Тоҷикистон бе домод баргузор намуда, баъдан дар Олмон никоҳ кунанд, аммо падари Райҳона ба ин розӣ нашуд. Қариб буд, ки фотиҳаро бекор намоянд, вале технологияи навин мушкили ин домоду арӯсро ба осонӣ ҳал кард. "Хостем никоҳро телефонӣ анҷом диҳем, вале домулло розӣ нашуд, баъдан ба хулосае омадем, ки аз Skype истифода мебарем. Ниёз аз он тарафи компютор нигоҳ мекарду ман аз ин тараф, ҳарду бо садои баланд розигии худро додем," -нақл кардааст Райҳона.

Ин арӯси замонавӣ мегӯяд, ҳарчанд шавҳараш мисли дигар домодҳо бо гулдаста барои бурданаш наомад, аммо бо ин ҳам хушбахт аст, зеро барояш муҳимтар аз ҳама висоли Ниёз буд, на гулу гулдаста: "Вақте саҳифаи Skype-ро барои анҷоми маросими никоҳ боз карданд, ҳама ҳайрон буданд. Ниёз мегуфт, ҳеҷ фикр намекунад, ки мо дар фосилаи ин қадар дур қарор дорем ва тӯямон бидуни ӯ мегузарад"-ба ёд овардааст арӯсхонум.

Райҳона аз рӯи ихтисос ҳамшираи шавқат ва ҳамсараш Ниёз инжинер аст.

Райҳонаву Ниёз ягона ҷуфте нестанд, ки ақди никоҳашон тариқи интернет сурат гирифтааст. Обиду Дилдора низ никоҳи худро аз тариқи Skype гузаронда ҳоло дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиндагӣ мекунанд. Миршоҳ ва Омина бошанд, якдигарро аз шабакаи Одноклассники ёфтанд. Сироҷ 3 соли пеш ба Канада рафта, то омода шудани санадҳои шаҳрвандияш ҳақ надошт аз ин кишвар берун шавад, бинобар ин, никоҳашро бо Холиса бо истифодаи технологияҳои навин гузаронд. Мадинаи 30сола ва Умарҷони 32-сола аз шаҳри Душанбе ва Хуҷастаи  28-сола аз ноҳияи Ҳисор низ аз зумраи ҷавононе ҳастанд, ки маросими никоҳи худро тариқи Skype ва ё зангҳои видеоӣ анҷом додаанд.

Дар Тоҷикистон солҳои пешин волидон фарзандони худро бо нафаре оиладор мекарданд, ки барояшон ошно бошад, аммо имрӯзҳо бо рушди Интернет шумораи зиёди ҷавонон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳам шинос шуда, оила бунёд мекунанд. Ҷустуҷӯи кор дар хориҷи кишвар шаҳрвандони Тоҷикистонро ба гӯшаҳои мухталифи дунё бурдааст ва баъзеи онҳо имкони баргаштан надоранд. Барои ин гурӯҳи тоҷикон, ки мехоҳанд бо ҳамватанони худ издивоҷ кунанд, василаҳои нави мухобирот, мисли Skype, ягона илоҷи кор боқӣ мемонад, зеро Тоҷикистон давлати дунявӣ бошад ҳам, ягон никоҳ бидуни хутбаи никоҳ ба истилоҳ “ҳалол” шумурда намешавад.

Р/С

Шумо ба масъалаи шиносоӣ ва никоҳ бо воситаи Интернет чӣ назар доред? Оё метавон ҳаёти худро, тақдири худро ба шахсе бовар кард, ки ӯро аз наздик намешиносӣ? Ишқи интернетӣ ба шумо бахт овард ё бадбахтӣ? Албатта андешаи худро ба мо нависед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД