Arzon march 2024
Духтари дӯстдоштаамро ба занӣ гирифта бадбахт кунам ё...?
08.09.2022
ОИЛА
2580


Салом ба кулли мухлисон ва ҳаводорони сомонаи “Оила”Мехоҳам дарди диламро ба шумо гуфта, дар ҳалли ин масъалаи тақдирсоз маслиҳат бипурсам.


Ҷавони 20—сола ҳастам. Як сол қабл дар роҳ бо як духтар шинос шудему ба ҳамдигар ошиқи зор гаштем. Як сол бо ин духтар ман худамро хушбахттарин инсони олам эҳсос мекардам. Мо мисли Лайливу Маҷнун аз ҳамдигар ҳеҷ серӣ надоштем ва мехостем риштаи тақдирамонро бо ҳамдигар пайваста то нафаси охирин бо ҳам бошем. Орзуҳои зиёде дар дил мепарваридам, мехостам дӯстдоштаамро бо тӯю тамошо арӯс карда ба хонаамон орам ва соҳиби фарзанд гардем. Аллакай барои бачаҳоямон ҳам номҳои зебо фикр карда будем, вале як моҳ қабл худро нотоб ҳис карда ба беморхона рафтаму табибон баъди ташхис гуфтанд, ки шумо бемори дил доред, бар замми ин, безурриёт ҳастед, аз шумо фарзанд намешавад. Ҳагоми ин хабарро шунидан пеши назарам симои духтари дӯстдоштаам намудор гашт ва аз ҳуш рафтам. Табибон доруву уколи бисёре карда, маро бо даводави зиёд ба ҳуш овардаанд. Тавсия доданд, ки дар беморхона хобида табобат бигирам, вале забонхат навишта ба хона омадаму худро рӯйи бистар партофта, зор-зор гиря кардам. Дунё дар назарам тираву тор гашта, зиндагӣ бароям бемаънӣ менамуд. Дигар ба зангҳои духтари дӯстдоштаам ҷавоб намедодам. Мехостам аз ӯ ҷудо шавам, то ки маро фаромӯш карда, ба ягон ҷавони дигар дил бандад ва хушбахт шавад, вале натавонистам. Дӯстдоштаам кофта-кофта ба хонаамон омад ва бо чашмони гирён чаро телефонатонро намебардоред, магар ягон арӯси дигар ёфтед гуфта, дили ваз ғаму дард сӯхтаамро бештар хун кард. Худамро дошта натавониста гиря кардам ва ҳодисаро ба ӯ нақл карда, гуфтам, ки рав, бо ягон ҷавони дигар хонадор шуда соҳиби фарзанд шавед, вале қабул накард. Духтари дӯстдштаам мегӯяд, ки чи хеле, ки шаваду нашавад, мехоҳам бо ту хонадор шавам. Ҳамааш дар дасти Худованд аст, агар насиб карда бошад, фарзанддор мешавем, вале дар тақдирамон набошад, тан ба тақдири илоҳӣ дода зиндагӣ мекунем. Ростӣ намедонам чӣ кор кунам. Ӯро сахт дуст медорам ва мехоҳам, ки фарзандор шуда, хушбахт бошад. Шумо ба ман чи маслиҳат медиҳед?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД