Ман марди оиладору соҳиби чор фарзанд ҳастам. Занам хонашин асту ман дар Русия мардикорӣ мекунам. Тобистони ҳамин сол духтарамро ба шавҳар додем.
То ин дам аз дӯстону рафиқонам мешунидам, ки хариди чизу чораи тӯёна барои марди духтардор беҳад вазнин меафтад, вале даҳшати ин рӯзҳоро ҳатто тасаввур намекардам. Азбаски мо одамони сарватманд нестем, мусаллам аст, ки пешакӣ барои духтаронам чизе нахарида будам. Аз ин фасл ба он фасли сол барои фарзандонам ҳамагӣ як попӯшиву як куртаи арзонаку либоси гарм харида, бо ҳамин зиндагиро пеш мебурдем. Хулоса, қабл аз тӯй завҷаам ба ман гуфт, ки бояд барои духтарам тамоми асбобу анҷоми рӯзгор, курпаву палос, ҷевону телевизор, либосу пойафзол ва боз садҳо чизи дигарро харидорӣ кардан лозим аст. Тамоми маблағеро, ки дар ин солҳо захира карда будем, барои харидорӣ намудани ҷиҳози арӯсӣ сарф карда, боз қарздор ҳам шудем. Мо як тӯйи оддӣ карда, хешу таборамонро даъват кардему духтарамро ба хонаи бахташ гусел кардем. Акнун бо вуҷуди сар шудани хунукиҳо миёнамро сахт баста, ба Русия сафар дорам. Ба мардоне, ки духтар доранд, маслиҳати ман ҳамин аст, ки пешакӣ пул ҷамъ кунанд. Духтарро ба шавҳар додан кори осон набудааст, ҷӯраҳо!
М., аз шаҳри Ваҳдат.