Ба тарбияи фарзандонашон чандон диққати ҷиддӣ надодани иддае аз падару модарон боиси то рафт коста шудани маънавиёти ҷавонон ва авҷ гирифтани ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни насли наврас мегардад. Ҳодисае, ки як рӯз қабл дар маҳаллаи н. Шоҳмансури пойтахт ба амал омад, далели равшани ин гуфтаҳост.
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 38-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 3-юми феврали соли 2021, тахминан соати 17:30-дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиаш ҳамсари бародараш, зани 40-сола ва духтари ноболиғи 16-солааш аз ҳиссиёти авбошӣ ӯро дашномҳои қабеҳ гуфта, лату кӯб намудаанд. Сипас, ноболиғ бо корд ба дасти чапи ҷабрдида задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор додард.